Иштироки лижаронони тоҷик дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ

Февраль 17, 2017 11:30

ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ Ховар/. Аз 19 то 26 феврали соли равон дар шаҳри Саппорои Ҷопон Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ баргузор карда мешаванд. Дар он варзишгарон аз 29 давлати Осиё, Австралия ва Зеландияи Нав иштирок менамоянд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Варзишгарон аз рӯи 11 намуди варзиш, аз ҷумла биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, скитинг, сноуборд, рақси рӯи ях, чавгонбозӣ ва ғайра байни худ рақобат хоҳанд намуд.
Тоҷикистонро варзишгарони кишвар дар ҳайати Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии кӯҳӣ дар ин бозиҳо муаррифӣ менамоянд.
Имрӯз, 17 феврал маросими парчамбардории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, 21 феврал ҷаласаи қуръапартоӣ доир карда мешавад.
Айни замон варзишгарони мо дар меҳмонхонаи «APA Hotel» қарор дошта, ба сабқатҳо омодагӣ мебинанд. Онҳо 22-24 феврал аз намудҳои лижаронии кӯҳӣ рақобат мекунанд.
Ҳайати дастаи Тоҷикистон бо сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон бо тамоми лавозимотти муосири варзишӣ таъмин гардида, бо маблағгузории ин Ассотсиатсия имкони иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузро пайдо намуд.

Февраль 17, 2017 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд