Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «5-7 рӯзи наздик хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ дар минтақаҳои кӯҳии кишвар боқӣ мемонад»
ДУШАНБЕ, 20.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои наздик дар ҳудуди ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ ҳамоно боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти кумитаи мазкур Умеда Юсупова, аз 28 январ то имрӯз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд.
«Аммо сарфи назар аз огоҳиҳое, ки кумита пайваста ба аҳолӣ пешниҳод менамояд, баъзе аз ронандагон ҳаёти худро зери хатар гузошта, беэҳтиётона ба минтақаи хафвнок сафар менамоянд», -изҳори нигаронӣ намуд ӯ.
17 феврал дар километри 54-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд наҷотдиҳандагони кумита дар якҷоягӣ бо кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» зимни амалиёти наҷотдиҳӣ ду нафарро аз зери ғарами барф зинда бароварданд. Инҳо — Шуҳрат Аёнов, соли таваллудаш 1982 ва Эҳсон Тоҳиров, соли таваллудаш 1983-ҳарду сокини шаҳри Хуҷанд буда, ба Душанбе сафар доштанд. Ба ҷабрдидагон кумаки аввалини тиббӣ расонида шуда, ҳарду рафтан ба беморхонаро рад карданд. Бо техникаи ширкати IRS онҳо ба ҷойи бехатар интиқол дода шуданд.
Ҳамчунин 7 нафар кормандони худи ширкат 18 феврал дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ зери тарма монда, 4 нафарашон наҷот дода шуда, 3 нафарашон ба ӽалокат расиданд.
Бояд зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода таъкид намуданд, ки бар асари боришоти аз ҳад зиёди барф ва фаромадани тарма дар минтақаҳои баландкӯҳ, вазъ дар ин минтақаҳо ва шоҳроҳҳои асосии мамлакат мураккаб шуда, ин ҳолат боиси хисороти зиёди иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ гардидаст.
Бино ба иттилои Сарвари давлат, танҳо дар моҳи январи соли 2017 дар ҳудуди кишвар 244 ҳолати тармафароӣ, аз ҷумла 152 ҳолат дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 22 ҳолат дар ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуд.
Бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб 9 нафар шаҳрвандон- 3 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як нафар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расиданд.
Таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки бинобар тағйир ёфтани иқлим ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиӣ сол то сол афзоиш меёбад.
Ба маълумоти панҷ соли охири комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода, дар ин давра дар миқёси мамлакат 603 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 127 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти кишвар 600 миллион доллари амрикоӣ зарар ворид гардидааст.
Дар робита ба ин, ҳамасола аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ташхиси минтақаҳои хавфнок гузаронида шуда, барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маълумотномаҳо ирсол карда мешаванд.
Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда дар миқёси мамлакат 381 мавзеъи хатарноки дараҷаи аввал муайян карда шудаанд. Аз онҳо 186 мавзеъ дорои хатари сел, 47 мавзеъ хавфи ярч, 90 мавзеъ обхезӣ, 25 мавзеъ эрозияи замин, 14 мавзеъ хавфи тарма, 11 мавзеъ хавфи баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва 8 мавзеъ дорои хавфи сангрезӣ мебошанд.