Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад: дар рӯзҳои боридани барф дар роҳҳо эҳтиёткор бошед!

Февраль 16, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 16. 02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар то 20 феврал дар қаламрави мамлакат ҳаво номусоид боқӣ монда, боришоти зиёд — дар водиҳо борони пуршиддат ва дарозмуддат, дар ноҳияҳои кўҳӣ барфи тар пешгўӣ карда мешавад.
Дар робита ба ин эҳтимолияти болоравии сатҳи оби дарёҳо, лағзиши тарма ва сангрезиҳо, инчунин яхбандӣ ва ҷамъшавии ғарами барфҳо дар роҳҳои кўҳӣ дар назар аст.
Сарфи назар аз огоҳиҳои мунтазами Кумита оид ба хавфу хатар, на ҳама ба онҳо гӯш медиҳанд, ки ин ҳолат мутаассифона, боиси марги шаҳрвандон мегардад.
Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки ба қадри имкон аз сафарҳо ба ноҳияҳои кӯҳистон дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд.

Февраль 16, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд