Лигаи чемпионҳои Аврупо: Имрӯз аввалин бозиҳои 1/8- ниҳоӣ оғоз меёбанд

Февраль 14, 2017 10:48

ДУШАНБЕ, 14.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аввалин бозиҳои 1/8 -ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо баъди танаффус шурӯъ мегарданд. Клубҳои футболи ПСЖ бо «Барселона» ва «Бенфика» бо «Боруссия» вориди майдон мешаванд.

Коршиносони футбол муътақиданд, ки дар бозии аввал дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж КФ «Барселона» (80%) ба комёбӣ ноил мегардад.  Аз 9 бозие, ки ин дастаҳо бо ҳам гузаронидаанд, «Барселона» дар 4 вохӯрӣ ва ПСЖ дар 2 бозӣ ғолиб омадаанд. Се рақобати дигар мусовӣ анҷом ёфтаанд. Таносуби тӯбҳо бо ҳисоби  16-15 ба нафъи «Барселона» аст.

Дар бозии дуюми рӯз миёни дастаҳои «Бенфика»-и Португалия ва  «Боруссия»-и Олмон мутахассисон «Боруссия»-ро авло медонанд. Ин даста дар гурӯҳи «F» бо КФ «Реал» бе ягон бохт бо 14 имтиёз мақоми аввалро аз худ кард.

«Бенфика» ва «Боруссия» бо ҳам ду вохӯрӣ гузаронидаанд. Дар варзишгоҳи «Эстадо де Луз»-и Португалия «Бенфика» бар «Боруссия» бо нишондоди 2:1 дар бозиҳои Ҷоми чемпионҳои УЭФА (1963-1964) ғалаба карда, дар бозии баргашт дар Олмон бо ҳисоби 5:0 мағлуб шудааст.

Февраль 14, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд