Мусобиқа барои «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Ҷавонон неруи созанда»
ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ миёни кормандон ва варзишгарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Ҷавонон неруи созанда», дар ҳавзи шиноварии Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷамъиятии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба шиноварӣ дар байни мардон ва бонувон доир гардид. Дар он 10 даста бо шумораи беш аз 100 нафар иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, варзишгарон аз рӯи чанд намуди шиноварӣ ҳунару маҳорати худро санҷида, ҳунари ҷолиб нишон доданд. Омодагии нисбатан беҳтари варзишгарони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ имкон дод, ки онҳо мақоми аввалро ба даст оранд. Шиноварони дастаи Вазорати мудофиаи ҶТ ҷойи дуюм ва дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамин тариқ, миёни мардон Раҳматулло Шарипов корманди Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҷойи аввал, Алиҷон Машрабов намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зинаи дуюм ва Азиз Усмонов аз дастаи Вазорати мудофиа ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд.
«Дар сабқати шиноварӣ миёни бонувон Сурайё Имомназарова варзишгари дастаи «Вазорати мудофиа» ҷойи якумро соҳиб гашта, ҷои дуюм ба Дилафрӯз Халилова аз дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва зинаи сеюм ба Фирӯза Убайдуллозода намояндаи Академияи ВКД муяссар гардид.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медал, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






