Ҷоизаи «Беҳтарин варзишгоҳи ҷаҳон-2016»-ро кадом варзишгоҳ соҳиб мешавад?

Февраль 17, 2017 16:34

ДУШАНБЕ, 17.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ду варзишгоҳи Россия ба қатори муддаиёни Ҷоизаи «Беҳтарин варзишгоҳи ҷаҳон -2016» дохил шуданд. Дар ин бора «Лента. ру» хабар медиҳад.
Дар озмун 29 варзишгоҳ аз 21 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Шумораи аз ҳама бештари варзишгоҳҳо ба Олмон ва Туркия, ки 4 ададиро ташкил медиҳанд, рост меояд.
Раъйдиҳӣ дар ду марҳала гузаронида мешавад. То 4 март хоҳишмандон метавонанд овози худро тавассути сайти «stadiony.net» ба варзишгоҳи интихобкардаашон расонанд. Қарори охиринро меъморони Аврупо ва Америка қабул мекунанд. Ғолиб 6 март эълон карда мешавад.
Варзишгоҳи Россия -«Арена ССКА», ки шомили ин раъйдиҳӣ аст, 30 000 ҷои нишаст дошта, соли гузашта мавриди истифода қарор гирифтааст. «Краснодар» моҳи октябри соли гузашта аввалин бозиро дар он гузаронид. Ин варзишгоҳ 34 000 тамошобин мебарад.

Февраль 17, 2017 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд