Ҷоми ФФТ: «Кӯктош» ва «Равшан» ба нимфинал баромаданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз баъди ҷамъбасти бозиҳои гурӯҳи «А» барои Ҷоми ФФТ дастаҳои «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Равшан»-и Кӯлоб ба бозиҳои нимфиналӣ роҳхат гирифтанд.
Намояндаи Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон «Кӯктош» баъди ғалаба бар «Ҳосилот»-и Фархор бо натиҷаи 3:2 бори аввал ба бозии нимфиналии Ҷоми ФФТ роҳ ёфт. Футболбозони «Ҳосилот» баъди нимаи аввали вохӯрӣ бо натиҷаи 2:0 дар сафи пеш буданд, аммо дар қисми дуюм ин бартариро нигоҳ дошта натавонистанд ва «Кӯктош» бо се голи Эҳсон Бобоев (60), Адҳам Абдуллоев (63) ва Собир Холматов (67, аз пеналтӣ) ба комёбӣ расид.
Вохӯрии байни дастаҳои «Равшан» ва «Ашт» бо натиҷаи мусовии 0:0 ҷамъбаст шуд.
Ҷадвали ҷамъбасти гурӯҳи «А» чунин аст:
Б Ғ М Б Т/т И
1«Кӯктош» (Рӯдакӣ) 3 2 0 1 4-3 6
2«Равшан» (Кӯлоб) 3 1 2 0 2-1 5
3«Ҳосилот» (Фархор) 3 0 2 1 4-5 2
4«Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 0 2 1 1-2 2
Новобаста ба натиҷаи бозиҳои имрӯзаи гурӯҳи «Б», бо иштироки «Ҳулбук»- «Ашт» (14:30) ва «Регар-ТадАЗ» -«Истиқлол» (17:00) ду дастаи Лигаи олӣ аллакай ба бозиҳои нимфиналӣ роҳхат гирифтаанд. Вохӯриҳои имрӯза танҳо муайян хоҳанд кард, ки дастаҳо дар кадом зина ҷойгир мешаванд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






