«Ҳосилот»-«Дордой»: нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳо

Февраль 27, 2017 15:14

ДУШАНБЕ, 27.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Атлас»-и пойтахт нишасти матбуотии пешазбозӣ бо сармураббиёни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ва «Дордой»-и Қирғизистон Мурат Ҷумъакеев барпо гардид. 28-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишварамон дастаҳои «Ҳосилот» ва Дордой» дар бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо ҳам қувва меозмоянд.
Сараввал сармураббии дастаи «Дордой» Мурат Ҷумъакеев ва бозингари даста Анатолий Власович ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гардониданд. Мурат Ҷумъакеев гуфт: «Мо дар бозии аввал аз сабаби бад будани варзишгоҳ бозии хуб нишон дода натавонистем, пагоҳ дар ҳавои хубу мусоид ва варзишгоҳи олӣ дар шаҳри Душанбе чӣ ҳунаре, ки дорем, нишон хоҳем дод. Натиҷаи 1:0 дар бозии аввал маънои ғалабаро надорад, «Ҳосилот» бо дастгирии мухлисонаш ба пеш меравад, мо бояд чунин ҳолатро ба манфиати худ истифода барем».
Анатолий Власович, ки маҳз барои аз пой афтонидани ӯ Мӯсо Содиқ дар бозии гузашта аз майдон бо корти дуюми зард ронда шуд, омода аст, ки ба майдон барояд. «Дар назди мо мақсади ягонаи ба бозии гурӯҳӣ роҳхат гирифтан гузошта шудааст ва мо барои ҳамин ба майдон мебароем»,-гуфт ӯ.
Сармураббии дастаи «Ҳосилот» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев барои худ ва дастааш бозии ҷавобиро бо дастаи «Дордой» вохӯрии асосии мавсими соли 2017 мешуморад: «Бозии ҷавобӣ барои мо бозии финалӣ аст ва манзалаташ дар мавсими футболи соли 2017 дар ҷои аввал меистад. Мо тамоми тадбирҳоро андешидаем, ки дар ин вохӯрӣ пирӯз гардем. Бозингарон омода ҳастанд, ки мақсади дастаро дар амал пиёда кунанд. Ман мухлисонро ба варзишгоҳ даъват мекунам, то бо дастгириашон ба даста кумак расонанд»,-гуфт ӯ.
Капитани дастаи «Ҳосилот» Сафаралӣ Каримов гуфтаҳои сармураббиро тақвият дода, аз рӯҳияи баланди футболбозон барои бозии ҷавобӣ дарак дод ва умед дорад, ки «Ҳосилот» бо бозии зебо мухлисонро шод мегардонаду масъалаи ба бозиҳои гурӯҳӣ баромаданро ҳал менамояд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозии аввали дастаҳо дар шаҳри Ӯши Қирғизистон «Дордой» бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард ва «Ҳосилот» аз дақиқаи 34-ум баъди аз майдон ронда шудани Мӯсо Содиқ 10-нафара бозиро ба анҷом расонд.

Февраль 27, 2017 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад