«Ҳосилот»-и Фархор ба Қирғизистон меравад
ДУШАНБЕ, 18.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор барои гузаронидани бозии рафти плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаи «Дордой»-и Бишкек ба Қирғизистон сафар мекунад. Ин вохӯрӣ 21 феврал, соати 13 ба вақти Душанбе оғоз хоҳад ёфт.
«Ҳосилот» дар бозиҳои интихобӣ, ки моҳи январ оғоз шуданд, бар «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон (1:0, 0:0) ва «Дордой» бар «Балкан»-и Туркманистон (1:1, 2:1) ғолиб омаданд.
Вохӯрии байни ин дастаҳоро доварон аз кишвари Чин бо роҳбарии Ванг Ди ҳакамӣ мекунанд. Ба ӯ Сян Ши ва Чжан Чен ҳамчун доварони канорӣ кумак хоҳанд расонд. Довари эҳтиётӣ аз Покистон-Муҳаммад Аҳмад Рауф таъйин шудааст.
Бозии ҷавобии ин дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузарад. Аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи ғолиб ба гурӯҳи «Д»-и Осиёи Марказӣ, ки дар он дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон қарор доранд, ҳамроҳ мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






