Роналду — беҳтарин легионер дар таърихи Премйер-лигаи Англия
ДУШАНБЕ, 13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Собиқ ҳамлагари клуби футболи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду дар зинаи аввали 100- гонаи беҳтарин футболбозони легионери Премйер-лигаи Англия аз рӯи пурсиши маҷаллаи бритонии «Four Four Two» ҷой гирифт. Дар ин бора «championat.com» хабар медиҳад.
Футболбози португалӣ дар мавсими соли 2003 ба тими «Манчестер Юнайтед» гузашта, то соли 2009 ҳунарнамоӣ кардааст. Роналду дар тими мазкур се маротиба чемпиони Англия ва як маротиба соҳиби Ҷоми Лигаи чемпионҳои Аврупо гаштааст. Аввалин ҷоизаи «Тӯби тилло»-ро дар ҳайати «МЮ» сазовор гаштааст.
Мақоми дуюми раддабандии 100- гонаи беҳтарин футболбози хориҷӣ дар Премйер-лигаи Англияро собиқ ҳамлагари «Арсенал» Терри Анри аз худ кард. Дар зинаи сеюм ҳамлагари «Лидс Юнайтед» ва «Манчестер Юнайтед» Эрик Кантона ҷойгир шуд.
10-гонаи беҳтарин легионерҳои Премйер-лигаи Англия аз рӯи пурсиши маҷаллаи «FourFourTwo» чунин шакл гирифтааст:
1. Криштиану Роналду («Манчестер Юнайтед»)
2. Терри Анри («Арсенал»)
3. Эрик Кантона («Манчестер Юнайтед»)
4. Деннис Бергкамп («Арсенал»)
5. Диде Дрогба («Челси»)
6. Серхио Агуэро («Манчестер Сити»)
7. Ҷанфранко Дзола («Челси»)
8. Патрик Виейра («Арсенал»)
9. Петер Шмейхел («Манчестер Юнайтед»)
10. Давид Жинола («Нюкасл», «Тоттенхэм»)
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






