Сармураббии «Хуҷанд»-и Хуҷанд иваз шуд

Февраль 6, 2017 11:55

ДУШАНБЕ, 06.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Пеш аз оғози мавсими нави футбол дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд сармураббии худро иваз кард. Минбаъд дастаро мутахассиси 44 сола Рустам Хоҷаев машқ медиҳад.
Рустам Хоҷаев-собиқ бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин вазифа Ҳамид Каримовро, ки шаш моҳ пештар ба ҳайси сармурабӣ таъйин шуда буд, иваз кард. Ӯ расман ба ҳайати даста муаррифӣ шуд ва аллакай тамринҳоро бо «Хуҷанд» оғоз кард.
Рустам Хоҷаев қабалан дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Барқчӣ»-ро ба ҳайси сармураббӣ машқ додааст. Ӯ ҳамчунин дар дастаҳои мунтахаби миллии кишварамон ва ҷавонони он ба Ҳаким Фузайлов ва Виталий Левченко кумак расонидааст.
Рустам Хоҷаев соли 2013 дар Тоҷикистон беҳтарин мураббии сол эълон шудааст. Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат зери роҳбарии ӯ соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат ва Ҷоми ФФТ гардидааст.

Февраль 6, 2017 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд