Сармураббии «Лестер»-и Англия ба истеъфо рафт

Февраль 24, 2017 12:00

ДУШАНБЕ, 24.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Лестер Сити»-и Англия сармураббии худ Клаудио Раннериро, ки соли гузашта дастаро ба гирифтани унвони чемпионӣ расонида буд, ба истеъфо фиристод. Дар ин бора сайти клуб хабар медиҳад.
Клаудио моҳи июли соли 2015 ба ҳайси сармураббии дастаи «Лестер Сити» ба фаъолият шурӯъ карда, ин дастаро дар таърихи 133- солааш ба гирифтани унвони чемпиони Англия сазовор гардонид. Аммо дар мавсими соли равон дастаи «Лестер» дар ҳолати бад қарор дошта, хавфи аз Премйер — Лигаи Англия сарозер шуданро аз сар мегузаронад. Ба ҳамин хотир роҳбарияти клуб ба хулоса омад, ки сармураббӣ ба истеъфо равад.
Клаудио Раннерии итолиёвӣ соли гузашта аз ҷониби ФИФА беҳтарин мураббии сол эълон гардид.
Масъулияти вазифаи мураббигии «Лестер»-ро алҳол ёвари Раннери -Крейг Шекспир ва мураббии дастаи эҳтиётии «Лестер» Майкл Стауэлл ба худ гирифтаанд.
Баъди даври 25-уми Премйер Лигаи Англия «Лестер Сити» дар мақоми 17-ум ҷой гирифтааст.

Февраль 24, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад