Шаҳри Ӯш дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро истиқбол кард

Февраль 20, 2017 10:55

ДУШАНБЕ, 20.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро истиқбол кард. Футболбозони тоҷик барои гузаронидани бозии аввали плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаи «Дордой»-Қирғизистон ба ин шаҳр ҳозир шуданд. Сармураббии «Ҳосилот» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев 18 бозингар- 2 дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 7 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро бо худ овард.
Ин вохӯрӣ 21 феврал, соати 15 ба вақти маҳаллӣ (14:00 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи ба номи Аҳмадбек Суюнбоев оғоз хоҳад ёфт.
Бозии ҷавобии ин дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузарад. Аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи ғолиб ба гурӯҳи «Д»-и Осиёи марказӣ, ки дар он дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон қарор доранд, ҳамроҳ мешавад.

Ҳайати «Ҳосилот» дар бозӣ бо «Дордой»:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев, Фатҳулло Бобоев;

Муҳофизатгарон: Содиқ Мӯсо (Гана), Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Ойбек Абдуғаффоров, Хайрулло Азизов, Саидалии Сафаралӣ;

Нимҳимоятгарон: Сайриддин Ғаффоров (Ӯзбекистон), Акуффо Гершон (Гана), Иброҳим Рабимов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Абдурасул Раҳмонов, Абдусамад Хоҷибоев, Шаҳзод Давлатов;

Ҳамлагарон: Агблей Ҷонс (Гана), Шодибек Ғаффоров, Наврӯз Рустамов.

Февраль 20, 2017 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд