Ширкати паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи «Grand-Prix Dusseldorf 2017»
ДУШАНБЕ, 27.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии дзю-до «Grand-Prix Dusseldorf 2017» 24-26 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон иштирок карданд.
Дар қатори 344 варзишгар аз 49 кишвари ҷаҳон ба Комроншоҳи Устопириён муваффақ гардид, ки мақоми ҳафтумро ишғол кунад. Ин натиҷаи беҳтарин дар байни гӯштингирони дзю-дои Тоҷикистон буд. Соли равон ин дуюмин мусобиқаест, ки аз рӯи қоидаҳои нав сурат мегирад. Ба ҳайати гӯштингирони мо Асадулло Тоҳиров (-66 кг), Акмал Муродов, Сафарбек Муродов (ҳарду 81 кг), Муртазо Аминов ( 90 кг) ва Абдулваҳҳоб Сатторов (-100 кг) шомил буданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ паҳлавонони Япония бо 16 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуданд. Гурҷистон бо 4 медал (2 тилло ва 2 нуқра) дуюм ва Русия бо 5 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) сеюм шуданд.
Тоҷикистон дар ин нишондод бо як ҷои ҳафтум зинаи 27-умро аз худ кард.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






