Тартиби дархости иштироки дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими нав муайян шуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон тартиби дархости иштироки дастаҳои Лигаи олиро дар мавсими нави футбол муайян кард.
Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, тибқи қарори Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) аз 20 то 28 феврал аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда дастаҳо имкон доранд рӯйхати бозингарони худро ба ЛФТ пешниҳод кунанд. Мувофиқи ин низом ба клубҳо имкон дода мешавад, ки бозингарони хориҷӣ (Легионер) ва футболбозони тоҷикистоние, ки дар дастаҳои хориҷ аз кишвар ҳунарнамоӣ доранд, бо «ITC» (International Transfer Certificate, сертификати байналмилалии гузариш) то 25 март ба ҳайати даста шомил кунанд.
Ёдрас мешавем, ки мавсими нави футбол дар Тоҷикистон аз 5 март оғоз меёбад ва бори аввал дар се марҳала гузаронида мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






