Тоҷикистон — Қатар: Фарохтар аз тиҷорат

Февраль 8, 2017 15:27

ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, 5 феврали соли 2017 дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд. Дар мулоқоти мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухани пурмуҳтаво гуфта, баргузории ин мулоқотро имконияти мусоиди муаррифии бештари роҳу самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Бино ба иттилои БМТ, дар мулоқоти мазкур дар баробари дигар аъзои Ҳукумати ҶТ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ширкат доштанд.
Дар ҳузури намояндагони сершумори доираи молиявию сармоягузории Давлати Қатар муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, ба мисли гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, низоми бонкӣ ва сайёҳӣ муаррифиномаи муфассал дар мавзӯи «Тоҷикистон — Қатар: Фарохтар аз тиҷорат» пешниҳод намуд.
Дар оғози муаррифӣ мухтасар аз вазъи макроиқтисодӣ ва фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон айни замон тарҳу лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди манфиатовари иқтисодӣ мавриди амал қарор дошта, ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосиру замонавиро тақозо дорад.
Зимни муаррифӣ имкониятҳои мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла фаъолияти чор минтақаи озоди иқтисодӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ, мутобиқ ба талаботи сармоягузорон пурра фарогир будани дараҷаи тахассусии бозори меҳнат, додугирифти фарох бо шарикони ҳамкор дар самти содирот, аз ҷумла дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, пахта, тилло, энергетика ва дар самти воридот соҳаи маҳсулоти нафтӣ ва филизоти арзон қайд карда шуд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев дар рафти муаррифӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ имконият ва фазои хуб дорад. Аз ҷумла, татбиқ гардидани як қатор ислоҳоти муҳим, мусоид будани шароит дар самти бехатарӣ ва амну субот ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқи сармоягузорон, мавҷуд будани имкониятҳои гуногуни имтиёзӣ номбар карда шуд. Зикр гардид, ки бо назардошти татбиқи ислоҳот ва ҷиҳати беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ, Тоҷикистон дар рейтинги Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соли 2010 — 12 зина, соли 2011 6 зина ва дар соли 2015 36 зина боло рафтааст, ки хеле нишондиҳандаи хуб аст. Дар баробари ин, ислоҳот дар соҳаи низоми электронии андозбандӣ, бюрои таърихи қарзҳо, шароити мусоид барои тавсеа бахшидани соҳаи сохтмон, паст будани сатҳи ҷиноят ва таъмини бехатарии шаҳрвандон, суботи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвар, босуръат коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ баён карда шуданд.


Зимни маърӯза зикр шуд, ки новобаста аз фазои буҳронӣ дар аксари кишварҳо, Тоҷикистон тавонист рушди босуботи иқтисодиётро дар кишвар таъмин намояд. Дар муаррифӣ инчунин имкони ба даст овардани даромади сармоягузорон, аз ҷумла диаграммаи зиёд шудани сатҳи даромади сармоягузорони хориҷӣ дар 6 соли охир, муносибати хуб ва пайваст будан ба шабакаи ҷаҳонии ҳавоӣ, имкони дар оянда тавсеа бахшидани хатсайрҳо ба ин кишвар, ҳаммонанд будани арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, дину оин, расму одат ва ҳамгироӣ махсусан қайд карда шуд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев зимни муаррифӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳозиринро асосан ба самтҳои гидроэнергетика, молия, маъдани кӯҳӣ, туризм ва кишоварзӣ ҷалб намуд. Зикр карда шуд, ки дар самти гидроэнергетика имкониятҳои фарох мавҷуд буда, аллакай 8 лоиҳаи махсус таҳия шудаанд ва барои ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқ аз сармоягузорони ҳузурдошта даъват ба амал оварда шуд. Ҷ.Нуралиев инчунин шароити мусоид барои равона намудани сармоя ба низоми бонкӣ, паст будани сатҳи хавфи амонатҳо ва имконияти хуби даромад, мавҷуд будани имконият барои сармоякунонии бонкҳо аз ҷониби сармоягузории хориҷӣ, рушди бонкдории исломӣ ва мутобиқ кардани қонунгузориро зикр кард. Дар баробари ин, имконияти мавҷуд будани афзоиши захираҳои байналмилалӣ бо ҷалби сармоягузорӣ қайд карда шуд.
Татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, аз ҷумла саёҳати кӯҳӣ самтҳои афзалиятнок ва манфиатовари ҳамкории доираи сармоягузорию молиявии Тоҷикистону Қатар арзёбӣ гардиданд.
Дар қисмати ниҳоии муаррифӣ платформаи сармоягузорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон аз имкониятҳои қонунии сармоягузорон ва сармояи берунӣ зикр гардид. Зикр гардид, ки Ҳукумати ҶТ ба сармоягузорони хориҷӣ дар баробари сармоягузорони дохилӣ ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар додааст ва ба раванди тиҷорати онҳо дахолатнопазир аст. Таъкид шуд, ки барои ворид намудани технологияи муосир, ба роҳ мондани истеҳсолу содироти маҳсулоти соҳаҳои гуногун ва дастгирию таъмини пешрафти соҳибкорию сармоягузорӣ дар қонунгузориҳои Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо, аз ҷумла беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардида, дар бозори дохилии молу хизматрасонӣ, сармоя ва асъор шароити рақобати озод фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷамъбаст аз доираи молиявӣ ва сармоягузорони Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои зикршуда ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар кишвари мо аз наздик шинос шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар (5-6 феврали соли 2017) дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ яке аз ин санадҳост.

Февраль 8, 2017 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид