Аввалин ҷоизаи «ДИСИ Инвест» дар мавсими нав
ДУШАНБЕ, 18.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Клуби футзали «ДИСИ Инвест» аввалин ҷоизаи худро дар мавсими нави футбол ба даст овард. Чемпиони секаратаи Тоҷикистон аз футзал «ДИСИ Инвест» дар бозии финалӣ барои Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон дастаи «Бурҷ Халифа»-ро бо натиҷаи 5:2 мағлуб карда, соҳиби Ҷом гардид.
Ин мусобиқа дар Маҷмааи Кумитаи андози ҷумҳурӣ давоми 10 рӯз идома ёфт ва дар он 8 даста дар ду гурӯҳ иштирок карданд. Дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Формула-55», «Соро компания», «Сино» ва «Бурҷ Халифа», дар гурӯҳи «Б» дастаҳои «Самандар», «Сохтмони кишвар-2012», «ДИСИ Инвест» ва «РТСУ» барои ду роҳхат ба бозиҳои нимфиналӣ мубориза бурданд.
Дар натиҷа «ДИСИ Инвест» ва «Бурҷ Халифа» ба бозии финалӣ роҳ ёфтанд. Мубориза дар толор бо ҳузури мухлисони сершумор хеле тезутунд гузашт. Дар нимаи аввал танҳо як тӯбро Файзалӣ Сатторов аз дастаи «Бурҷ Халифа» ба нишон расонд.
Нимаи дуюм ҳам бо бартарии футболбозони «Бурҷ Халифа» оғоз шуд. Голи Кирилл Севалов бартарии ин дастаро бештар кард. Аммо чор дақиқа тавонист ин ҳама бартариро ба нестӣ барад ва футболбозони «ДИСИ Инвест» ба дарвозаи ҳарифонашон 5 тӯб ворид карда, соҳиби Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон гардиданд. Голҳоро аз дастаи ғолиб Умед Қӯзиев (2-то), Дилшод Саломов, Хуршед Маҳмудов ва Собирҷон Гулаков ба дарвоза заданд.
Дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм «Соро компания» бар «Сохтмони Кишвар» бо ҳисоби 7:3 пирӯз гардид ва соҳиби медалҳои биринҷӣ дониста шуд.
Дар расми супоридани медалҳо ва Ҷом, инчунин беҳтарин бозингарон муайян карда шуданд. Дарвозабони беҳтарин-Мансур Мамадакимов («Бурҷ Халифа»), бозингари беҳтарин Файзалӣ Сардоров («Бурҷ Халифа») ва нишонзани беҳтарин- Шерзод Ҷумъаев (Сохтмони Кишвар-2012» ) эълон шуданд.
Ҷоми Иттиҳоди футзали Тоҷикистон
Финал
«ДИСИ Инвест» «Бурҷ Халифа» 5:2
Бозӣ барои ҷои сеюм
«Соро компания» «Сохтмони Кишвар-2012» 7:3
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






