«Борону ҳавои Ватанам наврӯзӣ…». Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, аз 21 то 23 март ҳавошиносон дар қаламрави мамлакат эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе минтақаҳо шиддатнок, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.
Борони найсонро мардуми мо аз қадим рамзи оғози баҳор ва файзу баракат медонистанд ва чунин месуруданд:
Борону ҳавои Ватанам наврӯзӣ,
Гулҳои баҳори чаманам наврӯзӣ.
Ҳарфе, ки барои Ватанам мегӯям,
Дар ҳар нафаси дил заданам наврӯзӣ.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯзҳо дар ҳамаи минтақаи ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан салқин шуда, ҳарорати ҳаво 2-3 дараҷа поён мефарояд.
Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво рӯзона 14-22 ва шабона 5-12 дараҷа гарм шавад.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






