Дар Суғд озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон барпо мешавад
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бахшида ба Соли ҷавонон озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон доир мегардад.
Тавре аз Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, озмуни мазкур аз моҳи март то ноябри соли равон дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерия, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ баргузор мегардад.
Мутобиқи низомномаи озмун дар он наврасон ва ҷавонони то 30- сола ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Ғолибони озмун пас аз анҷоми давраи ниҳоӣ муайян гардида, бо туҳфаҳои молӣ дар ҳаҷми аз 2 то 7 ҳазор сомонӣ кадрдонӣ мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






