Ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ШВКД-1 дар шаҳри Исфара
ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд ба Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара рафта, дар маросими ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии №3 ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин кормандони милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва аҳли ҷамоати шаҳри Исфара иштирок доштанд.
Рамазон Раҳимзода аз ҳуҷраҳои корӣ, шароити муҳайёгардида барои ҳайати шахсии Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз наздик ошноӣ пайдо карда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар шафати бинои мазкур Ситоди дружиначиёни ихтиёрии шаҳри Исфара бо тамоми шароити мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъсис дода шуд, ки ҳамкории мардумро бо мақомоти милитсия боз ҳам қавитар мегардонад.
Зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода ҳайати шахсӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ ва аҳли ҷамоати шаҳри Исфараро бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам табрик гуфт. Зикр гардид, ки дар пеш ҷашни таърихӣ ва қадимаи аҷдодии мо қарор дошта, кормандони милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ ва фаъолони ҷомеаро мебояд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани Наврӯз тамоми тадбирҳоро андешанд.
Ҳайати шахсии Шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ҷавобан ба ин гуфтаҳо изҳор доштанд, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳорату малакаи касбии худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани иди байналмилалии Наврӯз равона намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, волоияти қонун ва тинҷию амонии кишварро чун гавҳараки чашм ҳимоя хоҳанд кард.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






