Мардро модар бошад тоҷи сар! (Васфи модар дар эҷодиёти даҳанакии халқ)
ДУШАНБЕ, 07.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Муносибатҳои иҷтимоие, ки дар зиндагӣ рӯй медиҳанд, ҳатман онҳо дар шаклҳои шеърӣ аз забони мардум ифода ёфтаанду меёбанд.
Дар замони Шӯравӣ ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ мебурданд ва имрӯзҳо ҳам мебаранд. Модарон пайваста дар ёду фикри фарзанд буданд. Як анъанае буд, ки ҷавони ба хидмат даъватшуда кулча ё нонеро як газ мегирифт, яъне онро насиба мекард. Модарон бовар доштанд, ки ҳатман фарзандашон сиҳат саломат бармегардад ва боқимондаи нонро мехӯрад. Ин як навъ эътиқод, як воситаи таскиндиҳандаи дили модарон буд. Дар як рубоӣ омадааст:
Ин раҳаки Обигарм пайча-пайча,
Аскарои бурдагӣ ҳамаш бача.
Дар мошин сувор шиданд, гуфтанд: оча.
Дар чашмои пуроби бача, ҷони оча.
Ба ин тариқ, мо муносибати фарзандонро бо модарон на танҳо дар рубоиҳо дучор мешавем, балки дар зарбулмасалҳо, сурудҳо, дар баъзе нақлу ривоятҳо ҳам дармеёбем. Дар як байти хеле машҳури Низомии Ганҷавӣ чунин омадааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Ин байт дар асоси яке аз ҳадисҳои ҳазрати Расули акрам (с) эҷод шуда, дар байни мардум паҳн гаштааст ва, гуфтан мумкин аст, ки он ба ҳукми зарбулмасал даромадааст. Дар он мақоми модар ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё хеле баланд бардошта шуда, таъкид мешавад, ки ҳатто ҷаннат – макони беҳтарини охирати инсонҳо дар зери қадамҳои модарони мо хоҳад буд.
Барои он ки меҳнати модарро фарзандон бидонанд, мегӯянд, ки «То бачадор нашавӣ, ба қадри падару модар намерасӣ». Яъне он ранҷҳое, ки модару падар мекашанд, танҳо пас аз фарзанддор шудан мефаҳмӣ, ки модарат барои ту чи қадар ғамхорӣ кардааст. Воқеан модар ҳамон тавре ки дилаш мехоҳад, ҳамон тавре ки муҳит талаб мекунад, фарзандро тарбия мекунад. Барои ҳамин ҳам халқ мегӯяд, ки «Бача – лой, модар – кулол». Дар ин зарбулмасал манзараи кулолӣ ё кӯзагарӣ бозтоб шудааст, ки кулол чӣ хеле ки мехоҳад, лойро ба ҳамон усул тоб медиҳаду шакл месозад ва модар ҳам ба ҳамон орзуву мақсаде, ки ӯ дар солҳои зиёд мепарварид, фарзандашро дар ҳамон роҳ тарбия мекунад. Яъне фарзандро дар роҳи дуруст, роҳи нек, дар роҳи инсони комил шудан парвариш менамояд.
Ҳамаи шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорон, адибону шоирон ҳама фарзандони модар ҳастанд. Ҳама ба бузургии модар қоил будаанд ва ҳамин мазмун дар як зарбулмасал омадааст, ки: «Мардро модар бошад тоҷи сар». Яъне ҳар куҷое, ки марде ҳаст, модар тоҷи сари ӯст, баракати хонадону давлати ӯст, роҳнамои зиндагию маслиҳатгари ӯ мебошад.
Васфу ситоиши модарон дар байтҳои халқӣ низ баён гаштаанд. Дар яке аз чунин байтҳо гуфта шудааст, ки пайваста дар пайи хидмати модар бояд буд, то ки ҳамеша дар роҳат бошад:
Модарро азиз гӯянду фарзандро ширин,
Ҷуз он дар роҳату ин дар меҳнат мабин.
Шоире нест, ки дар васфи модар ва ё дар васфи ватан мисрае нагуфта бошад. Матнҳои фолклорие, ки дар васфи модаранд, ҳамаи онҳо аз байни халқ берун омадаанд ва аз хулосаҳои зиндагию донишҳову таҷрибаҳои мардум иборат ҳастанд. Мардум ҳамаи воқеаву ҳодисаҳоро дар зиндагӣ мебинанд ва дар намунаҳои фолклорӣ панду ҳикмати онҳоро зикр менамояд.
Сухан дар васфи шаъну шарафи модар, арҷу иззати ӯ беинтиҳо аст.
Мо дар поёни ин мақола якояки модаронро, ҳамаи бонувон ва хоҳаронро ба муносибати ҷашни гиромидошти Модар табрику муборакбод мегӯем ва орзумандем, ки ҳамеша танашон сиҳат бошад, доимо дар болои сари фарзандон бошанд ва ҳамеша гули сари сабади хонадон бошанд.
Д. РАҲИМОВ,
Ф. ИСМОИЛОВ
(«Баҳори Аҷам»)








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






