Натиҷаи мусовӣ «Ҳосилот»-ро аз мубориза барои Ҷоми КФО берун кард
ДУШАНБЕ, 01.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи мусовии 1:1, ки дирӯз дар бозии ҷавобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки «Ҳосилот»-и Фархор ва «Дордой»-и Бишкек ба қайд гирифта шуд, «Ҳосилот»-ро аз мубориза барои Ҷоми КФО берун кард.
Ин бозӣ 27 феврал дар ҳузури беш аз 8 000 тамошобин дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Голи ниҳоят тези меҳмонон дар дақиқаи 6-ум баъди зарбаи кунҷӣ аз ҷониби Ислам Шамшиев ба рӯҳияи футболбозони тоҷик таъсир гузошт. Баъди ба майдон омадани Муҳаммадҷони Ҳасан ва Саидалии Сафаралӣ ин ду бозингар тавонистанд дар дақиқаи 90+1 голи ҷавобиро ба дарвозаи Валерий Кашуба равон намоянд.
Ин натиҷаи мусовӣ ба «Ҳосилот» имкон надод, ки муборизаро барои Ҷоми КФО идома диҳад, зерро бозии аввали ин дастаҳо дар Қирғизистон бо натиҷаи 1:0 ба фоидаи «Дордой» анҷом ёфта буд. Чемпиони нуҳкаратаи Қирғизистон дар маҷмӯъ бо нишондоди 2:1 дастболо гардид.
Ба ин тартиб, дастаи «Дордой» ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт ва акнун дар гурӯҳи «D» бо се чемпиони Осиёи Марказӣ «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Алай» (Қирғизистон) барои Ҷом рақобат мекунад.
«Дордой» бозии аввали худро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо дастаи «Истиқлол» мегузаронад.
Тақвими мукаммали гурӯҳи «D»-и минтақаи марказ чунин аст:
Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Дордой» (Қирғизистон)
«Алай» (Қирғизистон) «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
« Алтин Асир » (Туркманистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Дордой» (Қирғизистон) «Алай» (Қирғизистон)
Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Алай» (Қирғизистон)
«Дордой» (Қирғизистон) « Алтин Асир » (Туркманистон)
Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Алай» (Қирғизистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон)
« Алтин Асир » (Туркманистон) «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон)
« Алтин Асир » (Туркманистон) «Алай» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Алай» (Қирғизистон) «Дордой» (Қирғизистон).
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






