НАВРӮЗ – САРИ СОЛ: шояд вақте фаро мерасад, ки дар тамоми дунё Соли навро дар оғози баҳор таҷлил мекунанд
ДУШАНБЕ, 21.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Аз саҳифаҳои таърих маълум мегардад, ки дар бисёр кишварҳои олам соли навро дар моҳи март ва умуман фасли баҳор ҷашн мегирифтаанд. Аз ҷумла, дар Англия дар асри миёна аъзои парламент дар бораи таҷлили соли нав дар моҳи март қарор бароварда буданд, аммо як гурўҳ занҳо соли 1752 зидди он эътироз баён карданд. Вакилон ин даъворо пазируфта, қарори пештар баровардаашонро бекор ва дар бораи моҳи январ таҷлил кардани иди соли нав қарори нав қабул карданд. Келтҳо, сокинони Галлий (ҳудуди имрўзаи Франсия ва як қисми Англия) иди соли навро охири моҳи октябр қайд мекарданд ва он «Поёни тобистон» ном дошт.
Римиҳои қадим дар моҳи март ҷашн меоростаанд ва ба якдигар тўҳфаҳо тақдим карда, хушиву хурсандӣ мекардаанд. Юлий Сезар баъди ба сари тахт омаданаш тақвими навро ба роҳ монда, пешвозгирии соли навро якуми январ муқаррар мекунад. Онҳо, ки худоҳои гуногунро парастиш мекарданд, ин ҷашнвора ба эътиқоташон мувофиқ буд.
Дар олами Ислом соли нав аввали моҳи муҳаррам фаро мерасад.
Дар Бобулистони қадим соли навро баҳорон пешвоз мегирифтанд. Дар рўзҳои ҷашнгирии соли нав подшоҳ якчанд рўз аз шаҳр баромада мерафт ва дар ин муддат мардум кадом кореро, ки мехостанд, анҷом медоданд. Баъди якчанд рўз шоҳ ва надимонаш либосҳои идона дар бар вориди шаҳр мегаштанд ва мардум ба зиндагии муқаррарӣ мепардохтанд.
Дар Руси қадим ҳам соли нав аз рўзи 1 март оғоз мешудааст. Дар асри 14 Ибодатхонаи марказии Маскав қарор баровард, ки тибқи тақвими юнонӣ оғози соли нав аз 1 сентябр ҳисоб карда шавад. Соли 1699 бошад Пётри 1 баъд аз сафараш ба Аврупо қарор баровард, ки минбаъд якуми январ рўзи оғози соли нав эълон карда шавад.
Замони шўравӣ идкунии соли нав якчанд маротиба тағйир дода шуд. Баъди табаддулоти октябрии соли 1917 масъалаи ислоҳоти тақвими юлианӣ ба миён гузошта шуда буд, зеро он вақт бисёр кишварҳои Аврупо ба тақвими григорианӣ гузашта буданд. Ин тақвим ҳанўз соли 1582 аз ҷониби Папа Григории 13 қабул шуда буд. 24 январи соли 1918 Шўрои Комиссарони Халқи Россия «Декрет оид ба ҷорӣ кардани тақвими ғарбӣ-аврупоӣ дар Республикаи Россия»-ро қабул кард. Мувофиқи ин Декрет иди Мавлуди Исои масеҳ аз 25 декабр ба 7 январ гузаронида шуд ва ин рўзро ҳамчун иди соли нав қайд мекарданд. Соли 1929, баъдан соли 1935 рўзи таҷлили мавлуди Исои масеҳро боз дигар карданд. 31 декабри соли 1935 бо пешниҳоди П.П. Постишев анъанаи оро додани арча ҷорӣ гардид. Соли 1949 бори аввал рўзи 1 январро рўзи истироҳатӣ эълон карданд.
Чанд сол пеш рўзномаи бритониёии «Дейли Телеграф» як хабари ҷолибро чоп кард. Дар он зикр ёфтааст, ки тақвими милодӣ низ иштибоҳ будааст ва таърихи рўзи мавлуди Исои масеҳро низ нодуруст муайян кардаанд. Дар ин бора роҳбари католикҳои ҷаҳон Поп Бенедикти 16 ибрози назар кардааст.
Тавре маълум гардид, дар аксари кишварҳо замонҳои пеш иди соли нав дар як вақт таҷлил намегардид.
Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии мо соли нав бо фарорасии фасли гармо, яъне баҳор оғоз меёбад ва онро Наврўз ( Рўзи нав) мегўянд. Абўрайҳон Берунӣ дар асари хеш «Ат-тафҳим» Наврўзро чунин тавсиф кардааст: «Аз русуми порсиён Наврўз нахустин рўз аст аз Фарвардин ва ин ҷиҳат рўзи нав ном кардаанд, зеро ки соли нав аст». Маълумоти зайлро бошад аз асари таърихии «Ат-тоҷи ҷиҳоз» пешкаши хонандагон мегардонем: «Наврўз ва Меҳргон ду фасли сол ҳастанд. Меҳргон духули зимистон ва Наврўз фарорасии фасли гармост».
Дар «Наврўзнома» — и Умари Хайём чунин оварда шудааст: «Наврўз ҳақиқат бувад ва Ҷамшед дар аввали подшоҳӣ сахт одилу худотарс буд ва ҷаҳониён ўро дўстдор буданд ва бад — ў хуррам. Эзиди таъолло ўро фарре ва ақле дода буд, ки чандин чизҳо биниҳод ва ҷаҳониёнро ба зару гавҳару дебову атрҳо ва чаҳорпоён биорост… Чун аз мулки ў чаҳор саду анд сол бигузашт, дев бад — ў роҳ ёфт ва дунё дар дили ў ширин гардид ва дунё дар дили касе ширин мабод, манӣ дар хештан овард, бузургманишиву бедодгарӣ пеша кард ва аз хостаи мардумон ганҷ ниҳодан гирифт. Ҷаҳониён аз ў ба ранҷ афтоданд ва шабу рўз аз Эзиди таъоло заволи мулки ўро мехостанд, он фарри эзидӣ аз ў бирафт…»
Бо ишора ба сарчашмаҳои қадимаи таърихӣ донишманди машҳури Эрон устод Саид Нафисӣ навиштааст: « Рўзи аввали фарвардин ҳамвора оғози Соли Нави эрониёни қадим будааст ва ҳамеша онро Наврўз ном ниҳодаанд ва дар рўзи ид ба дўстон ширинӣ фиристодаанд.» (Наврўз. Китобнома / / Мураттиб Ш. Комилзода.-Душанбе, 2012, саҳ. 18).
Дар айёми шўравӣ ба ҷашни Наврўз эътибор намедоданд. Ба шарофати истиқлолият ва кушишу дастгирии роҳбарияти олии кишвар ҷашни Наврўз на танҳо эҳё гардид, балки мақоми байналмилалӣ пайдо кард. 23 феврали соли 2010 дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврўз ба унвони ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА









ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Эмомалӣ Раҳмон – меъмори имиҷи байналмилалии Тоҷикистон






