Рашт: Ба кормандони милитсия тартиби пешбурди баҳисобгирии қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт семинар-машварат оид ба тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноят ва арзу шикоятҳо бо иштироки сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД, полковники милитсия Музаффар Боймаҳмадзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи мазкур полковники милитсия Рустам Шафизода ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт хабар доданд, дар ҷараёни семинар-машварат ба кормандони самти иттилоотӣ-таҳлилии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Тартиби пешбурди баҳисобгирии қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда» фаҳмонида шуд.
Мутахассисони Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилӣ мавзӯи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба иҷрои қарори зикргардида таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод намуданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






