Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: «Мақому мартабаи зан дар ҷомеа басо арзанда ва баланд мебошад»

Март 7, 2017 15:29

ДУШАНБЕ, 7.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҷлил гардид.
Ректори донишкада, профессор Диловар Қодирзода иброз намуд, ки ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати ин фаслро дучанд меафзояд.
«Зан- модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан- модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад»,- зикр намуд Диловар Қодирзода.
Зикр шуд, ки дар ҳақиқат мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд мебошад. Ҳамин аст, ки имрўз зан-модари тоҷик дар арсаи корзор дар баробари мардон фаъолият намуда, дар пешрафту шукуфоии ватан саҳми созгор дорад.

Март 7, 2017 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст