Ӯзбекистон дар Душанбе маҳсулоти саноатиашро ба намоиш мегузорад

Март 28, 2017 11:16

ДУШАНБЕ, 28.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 21 апрели соли равон Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро баргузор намояд. Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки намоишгоҳ дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор гузаронида шуда, палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспосентр» аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ мебошанд.
Ҳадафи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон татбиқи қарордодҳои зимни ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба даст омада, инчунин тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.

Март 28, 2017 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд