Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия боз ҳам бештар тавсеа меёбанд

Апрель 13, 2017 19:47

ДУШАНБЕ, 13.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сафири Россия дар Тоҷикистон Игорь Лякин-Фролов, муовини роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ҳамдиёрони дар хориҷ ба сар баранда ва оид ба ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ («Россотрудничество») Дмитрий  Гужеля ва роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Вождаевро   ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат атрофи масъалаҳои вобаста ба  тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаҳои илму маориф, фарҳанг, санъат, варзиш ва сайёҳӣ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Игорь Лякин-Фролов ВохуриДмитрий Гужеля ВохуриМихаил Вождаев Вохури

Абдуҷаббор Раҳмонзода баён дошт, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони русӣ дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо кардааст. Имрўз дар Тоҷикистон 161 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 64194 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия беш аз 15000 нафар донишҷўёни тоҷик таҳсил менамоянд, ки аз ин 12000 нафарашон тариқи квота дохил шудаанд.

Ҳамчунин доир ба баргузории ярмаркаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва иштироки наврасону ҷавонони тоҷик изҳори назар карда шуд. Беш аз 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии минтақаҳои Федератсияи Россия дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд. Иброз гардид, ки минбаъд теъдоди квотаҳои ройгони Вазорати маориф ва илми Россия барои довталабони тоҷик зиёд карда шавад.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои гуманитарии миёни Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи он мусоидат хоҳанд кард.

 

Апрель 13, 2017 19:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад