Фестивал-озмуни «Парасту-2017» ба 100-солагии Тӯҳфа Фозилова бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 18 апрел дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» ифтитоҳ мегардад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал-озмун ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100- солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова бахшида шуда, он то 24 апрели соли равон идома меёбад.
Фестивал-озмун соати 09:00 оғоз ёфта, баъд аз маросими ифтитоҳӣ аввалин спектаклро ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ пешниҳоди иштирокчиён мекунанд. Мазҳака «Пизишки паррон» ном дошта, ба қалами Ж. Б. Молйер тааллуқ дорад ва онро Қурбони Собир таҳия намудааст.
Спектакли дуюми озмун соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баргузор мегардад. Ҳунармандони театри мазкур спектакли «Дирафши ковиёнӣ»-ро аз рӯи достони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи коргардон Низом Меликов манзури тамошобинон мегардонанд.
Ҳамчунин соати 18:00 ҳунармандони «Аҳорун»- Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов спектакли манзуми «Ҷуз сухани ганҷ магӯ»-ро дар таҳияи Сабоҳат Қосимова пешкаши ҳаводорони театр мегардонанд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ доир карда мешавад.








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






