Кӯлоб: Озмуни «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст»
ДУШАНБЕ, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст» — таҳти чунин унвон бо ташаббуси якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» бо иштироки аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» озмуни ҳизбӣ доир шуд.
Ҷамъомад бо намоиши лоиҳаҳои ихтирооти донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оғоз гардид. Дар намоиш донишҷӯён ихтирооти худро, аз қабили дастгоҳи ғаллатозакунӣ, намуди нави неругоҳи хурди обии барқӣ, гармхонаи замонавӣ, доруворӣ барои фишорбаландӣ, кам кардани рехтани мӯйи сар ва ғайраҳо пешкаш намуданд.
Озмуни мазкур бо мақсади дарёфт ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон роҳандозӣ шудааст.
Озмун дар арафаи ҷашни 20- солагии Ваҳдати миллӣ натиҷагирӣ шуда, ғолибон ба мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






