М. Бутаев барои робита барқарор намудан бо узви фаъоли ташкилоти ба ном «Давлати исломӣ» гунаҳгор дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба М. Бутаев бо моддаи 32 қисми 3-4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бо ҳукми суди мазкур номбурда барои робита барқарор намудан бо узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати исломӣ» гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 12 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, М. Бутаев барои он айдор карда шудааст, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Самараи Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути шабакаи интернетии «Зелло» дар барномаи «Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ» бо Муҳаммад Муовия ном узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати исломӣ» робита барқарор намуда, даъвати ӯро оид ба сафар намудан ба Ҷумҳурии Сурия ҷиҳати пайвастан ба сафи ҷангиёни ин созмон пазируфтааст.
Муҳаммади Муовия барои М. Бутаев чиптаи электронӣ барои парвоз бо ҳавопаймо тавассути хатсайри Самара-Москва-Кишинёв-Истанбул харида, номбурда 27 декабри соли 2016 дар фурудгоҳи шаҳри Самара ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймои хатсайри Самара-Москва аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






