Маҳфили адабӣ ва рӯнамоии китобҳои нави Абдураҳмони Абдуманнон дар Хонаи адибон
ДУШАНБЕ, 07.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ ва рӯнамоии китобҳои нави адабиётшинос ва тарҷумони шинохта Абдураҳмони Абдуманнон баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории маҳфил хабар дод, ҳамоишро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ бахшид. Сипас, адибони шинохтаи кишвар Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Саттор Турсун, Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб ва Давлат Сафар дар бораи ҳаёту фаъолият ва роҳи тайнамудаи Абдураҳмони Абдуманнон сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки Абдураҳмони Абдуманнон ҳамчун адиб ва олим пажӯҳишҳову эҷодкориҳои муваффақонае ба анҷом расонидааст, ки дар адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, шинохти симоҳои таърихӣ, забони тоҷикӣ ва осори адибони гузаштаву имрӯза арзиши баланд доранд. Аз иштирок дар таълифи асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» оғоз карда, то таълифи китобҳои «Нуқтаи назар», «Пиндорҳо ва ингорҳо», «Фурӯғи чеҳраҳо», «Ламҳае ба роҳи рӯзгор» ва садҳо мақолаҳояш саҳми боризи худро дар адибиёти муосири мо гузоштааст. Мавсуф дар шинохти симои эҷодии Абдулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ғанӣ Абдулло, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ, дар пажӯҳишу таҳқиқи осори Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсору Гулназар, Камол Насруллову Раҳмат Назрӣ ва даҳҳо шоирони муосир, дар нигориши чеҳраҳои шахсиятҳои барҷастаи ҷомеаи мо- аз Бобоҷон Ғафуров то Муҳаммад Осимӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Пажӯҳишу таҳқиқоти адибиётшиносии ӯ бо тозагии назар, нигоҳи амиқ ва баёни мушаххас фарқ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки таҳқиқоти адибиётшиносии Абдураҳмони Абдуманнон, хусусан дар шинохти шеъри муосир хеле муҳим аст ва аҳамияти зиёд дорад.
Сарояндагони шинохта Баҳодур Неъматов, Ҷӯрабек Назрӣ, Афзалшо Шодиев, Абдувалӣ Абдурашидов ва дигарон ба маҳфил ҳусни дигар зам намуданд.
Мавриди ёдоварист, ки Абдураҳмони Абдуманнон дар вазифаҳои мудири шуъбаи Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи советии тоҷик», муовини аввали директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мудири шуъбаҳои иттилоотию таҳлилӣ ва фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Дар давраи хизмати давлатӣ низ пайваста фаъолияти адабиву илмиро идома дода, қисме аз осори тадқиқиву адабиаш дар китоби «Пиндорҳо ва ингорҳо» («Адиб», 2006) гирд омадаанд. Дар китобҳои «Фурӯғи чеҳраҳо» (2015) ва «Ламҳае ба роҳи рӯзгор» (2017) мусаввараҳои адабӣ ва ёддоштҳояш оид ба аҳли илму фарҳанг ҷойгузин гаштаанд. Дар матбуоти ватаниву хориҷӣ беш аз дусад мақолаи илмиву адабиаш ба табъ расидаанд.
Яке аз самтҳои фаъолияти адабии Абдураҳмони Абдуманнон тарҷумаи бадеист. Романҳои С. Баруздин «Такрори дарсҳои гузашта», О. Ёқубов «Виҷдон», маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои Элчин «Ишқи аввали Балададаш», Ю. Збанатский «Хорпушти олиҳиммат», қиссаи Б.Василйев «Субҳи ин ҷо сокит аст», намоишномаи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ «Падаркуш», қиссаи «Булутакҳои Останкино» — и И.Ракша, ҳикояҳои ҷудогонаи А.П.Чехов, Ўткур Ҳошимов ва Анорро ба тоҷикӣ баргардонидааст.
Абдураҳмони Абдуманнон барои хизматҳои шоён дар рушди илми тоҷик бо мукофотҳои давлатӣ- унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои Шараф дараҷаи 1, Дӯстӣ, медали 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (2011) сарфароз гардида, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2007) мебошад.






















Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад






