Насим Олимзода: «Мо ҷонибдори рушди тибби фосилавӣ ва мобилӣ ҳастем»

Апрель 6, 2017 17:21

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини шароити техникии муассисаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо намояндагони баландпояи Хазинаи Оғохон баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои вазорати мазкур, намояндагони ин хазинаи бонуфуз нақшаи беморхонаи навро, ки ният доранд дар шаҳри Хоруғ сохта ба истифода диҳанд, ба вазир пешниҳод намуданд. Тибқи ин нақша сохтмон ва ба истифода додани беморхонаи хусусӣ дар шаҳри Хоруғ аз се марҳила иборат буда, дар давраи аввал 50 ҷой барои табобати беморон бо дастрасӣ ба техникаву технологияи муосири ташхисию табобатӣ, дар давраҳои дуюм ва сеюм боз 200 кати дигар пешниҳод шудааст.
Ба лоиҳаи беморхона ҳамчунин дармонгоҳ, маркази ташхисӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ бо ҳуҷраҳои интенсивӣ ва шаш утоқи амалиёти ҷарроҳӣ ворид карда шудааст. Масъули Хазинаи Оғохон иброз дошт: «Тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба табақаи ниёзманди аҳолӣ кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар ин маркази тиббӣ ба тариқи ройгон роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар назар аст, ки тамоми фаъолияти мо бо сохторҳои ҳукуматӣ ҳамоҳанг карда мешаванд»,-зикр намуд Хайс Варлавен, роҳбари барномаҳои шабакаи бунёди Оғохон дар Швейтсария.
Маҳбат Баҳромов, роҳбари барномаҳои тандурустии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон зикр намуд, ки тамоми даромад аз беморхонаи шахсӣ барои нигоҳ доштани шароити мусоид, хариди таҷҳизот ва баҳри фаъолияти босамари ин муассиса равона хоҳад шуд.
Сохтмон ва таҷҳизонидани Беморхонаи шаҳри Хоруғ тӯли ду сол дар назар аст. Алӣ Акбар Песнанӣ, роҳбари Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон зимни суҳбат ҳамчунин иброз дошт, ки барои рушди тибби фосилавӣ ва роҳандозии маслиҳати мутахассисон тавассути телефонҳои мобилӣ ҳамкориро бо муассисаҳои дахлдор ба роҳ хоҳанд монд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода дар навбати худ изҳор дошт, ки Вазорат ҷонибдори рушди тибби фосилавӣ ва мобилӣ аст, зеро аксари деҳаҳои дурдасти кишвар ниёз ба маслиҳати мутахассон доранд ва сари вақт додани маслиҳати муфид метавонад рушди аксари бемориҳо ба табобати нодурустро пешгирӣ намояд.

Апрель 6, 2017 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид