Як имтиёзи муҳими дастаи «Истиқлол» дар бозӣ бо «Алтин Асир»-и Туркманистон

Апрель 5, 2017 10:06

ДУШАНБЕ, 05.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ, дар меҳмонӣ бо дастаи «Алтин Асир»-и Ашқобод қувва озмуда, бо ҳисоби 1:1 бозиашро мусовӣ анҷом дод ва ин ду даста бо 4 имтиёзӣ ҳамоно дар зинаҳои аввали ҷадвали ин гурӯҳ қарор доранд.
Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 31-уми бозӣ ҳисобро боз карда, меҳмононро ба сафи пеш баровард. Зарбаи Алтимурод Аннадурдиев дар нимаи дуюми вохӯрӣ дар иҳотаи се нафар муҳофизатгарон дарвозабони «Истиқлол» Никола Стошичро дар ғафлат гузошт ва ҳисоб баробар шуд. Ин натиҷа то анҷоми бозӣ боқӣ монд ва «Истиқлол» мавқеи худро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ дошт.
Дар ин рақобат Ромиш Ҷалилов дар вақти иловашуда корти дуюми зард гирифта, майдонро тарк кард.
Бозии дигари гурӯҳи «D» байни дастаҳои «Дордой»-и Бишкек ва чемпиони ин кишвар-«Олой»-и Ӯш баргузор гардид ва он бо ғалабаи «Дордой» бо ҳисоби 1:0 ҷамъбаст шуд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи «Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО бар дастаи «Дордой» бо нишондоди 2:0 пирӯз шуда буд.
Даври 3-юми мусобиқа 18 апрел гузаронида мешавад ва «Истиқлол» дар майдони худ бо «Олой» ва «Дордой» бо «Алтин Асир» вориди рақобат мешаванд.
Ҷоми КФО-2017
Минтақаи Осиёи марказӣ. Гурӯҳи «D».
«Алтин Асир» (Туркманистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон) 1:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Алиев, 31 (0:1). Алтимурат Аннадурдиев, 49 (1:1).
«Алтин Асир» (Ашқобод, Туркманистон): Мамед Оразмуҳамедов, Шӯҳрат Суюнов, Арсланмурат Аманов, Довран Оразалиев, Элман Тагаев (Сердар Гелдиев, 64), Мурат Яхшиев, Сердар Аннаоразов, Акмурат Ҷуманазаров, Расул Хоҷаев (Сулаймон Муҳадов, 46), Гурбангелдӣ Батиров, Алтимурат Аннадурдиев (Мекан Ашуров, 86).
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артем Барановский, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Дэвид Мавутор, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 87), Дмитрий Барков.
Огоҳӣ: Сердар Аннаоразов, Алтимурат Аннадурдиев («Алтин Асир»), Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»).
Ронда шуд: Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), 90+2 корти зарди 2-юм.
Бозингари беҳтарин: Никола Стошич («Истиқлол»).
Довари майдон: Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусайн Муҳаммад (Баҳрайн).
Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).
4 апрел. Балканобод. Варзишгоҳи «Спорт топлуми». 8500 тамошобин

«Дордой» (Қирғизистон) «Олой» (Қирғизистон) 1:0
Гол: Алишер Азизов, 87.
4 апрел. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков. 2000 тамошобин.

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 2 1 1 0 3-1 4
2 «Алтин Асир» (Туркманистон) 2 1 1 0 3-2 4
3 «Дордой» (Қирғизистон) 2 1 0 1 1-2 3
4 «Алай» (Қирғизистон) 2 0 0 2 1-3 0

Бозиҳои боқимонда:
Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Олой» (Қирғизистон)
«Дордой» (Қирғизистон) «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) «Дордой» (Қирғизистон)

Апрель 5, 2017 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад