18 май-Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо: иқдоми «Шабе дар осорхона» ба ин сана бахшида шудааст

Май 18, 2017 11:46

ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ Ховар/. Шурӯъ аз соли 1977  ҳамасола 18 май  ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 1978 то инҷониб ин  ҷашн  дар 150 давлати ҷаҳон таҷлил гардида,    ташкили тамошои ройгон аз осорхонаҳо дар ин рӯз  ба ҳукми анъана даромадааст.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади  ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон  баргузории барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-ро ба нақша гирифтааст.

Абдувалӣ Шарифзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  зикр намуд, ки  барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» яке аз иқдомоти байналмилалӣ дар фаъолияти   осорхонавии ҷаҳон буда, ҷашни  он  бори аввал дар Точикистон бо баракати ифтитоҳи Осорхонаи миллии  Тоҷикистон дар соли 2013  баргузор гардид. Шурӯъ  аз соли 2013  ҳамасола дар Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо  ташкили ин  барнома  ба ҳукми анъана даромадааст.

Осорхонаи миллии  Тоҷикистон  имсол ҳам ин барномаи фарҳангию фароғатиро  бо дастгирии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази дилхушиии кӯдаконаи «Мадагаскар»  ва дигар марказҳои  ҳунарию илмӣ баргузор  менамояд.

Дар ин рӯз дар Осорхона ва саҳни бинои он   баргузории    13  маъракаи фарҳангию фароғатӣ   тарҳрезӣ гардидааст. Кормандони Осорхона намунаҳои видеоии тарғиботии гуногунро  омода кардаанд, ки онро дар қисмати берун, дар девори шимолу шарқии осорхона шабона пешниҳоди тамошобинон мегардонанд. Дар ин  пардаи бузург филми  ҳуҷчатӣ таҳти унвони «Точикистон — ватани обҳои мусаффо»  пешниҳоди тамошобинон мегардад.

Дар барномаҳои шабона дар дохили бино, саҳни он ва  толорҳои намоишгоҳи осорхона  суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Баъзе аз ин  барномаҳо хусусияти озмунӣ доранд, ки  ғолибони онҳо  бо мукофотҳои гуногун  сазовор мегарданд. Ҳамчунин  бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ  намоиш ва  фурӯши маҳсули ҳунарҳои дастӣ баргузор мегардад. Ин намоиш 18  майи соли равон  аз соати 18:00 оғоз шуда, то соати 23:00 идома меёбад.

Таҷрибаи солҳои пешин аз он шаҳодат медиҳад, ки аксари таошобинони мо дар ин рӯз наврасону ҷавонон мебошанд.  Масалан,  соли 2013 дар ин рӯз дар давоми 4 соат  14 ҳазор таошобин вориди осорхона  гардид, ки аксарашон наврасону ҷавонон буданд.

Хотиррасон менамоем, ки Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июли соли 2011 таъсис ёфта, масоҳати он 24000м2-ро ташкил медиҳад, ки 15 000 м2 он барои экспозитсия пешбинӣ шудааст. Осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо 48 ҳазор беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: шуъбаҳои табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд. Дар ин ҷо толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба намоиш  гузошта шудаанд.

«Соли гузашта  ба фонди Осорхона 1864 адад намунаи мероси гуногуни таърихӣ ворид гардидааст, ки  1329 адади он тавассути комиссияи алоҳида харидорӣ шуда, 375 адад  ба Осорхона ҳадя гардидаанд. 160 осори таърихӣ зимни ҳафриёти бостоншиносӣ аз ҷониби мутахассисони Осорхона кашф шудаанд.
Дар давоми як соли сипаришуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фонди Осорхона 8 сози миллии мусиқӣ, як гулдӯзии калон, як зарфи минокоришуда ва мусаввараи «Дар соҳили баҳр»-ро эҳдо намуданд»,- гуфт А.Шарифзода.

Ҳамзамон дар соли сипаришуда аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхона 14 адад варақи чармии матни куфидор, 1 адад сиккаи тиллоии Россия (барориши соли 1899), сигормони заррини солҳои 1916-1917, 2 офтобаи мисии аввали асри ХХ, 2 адад зеби гардани занона, 2 адад ҷомаҳои адраси асримиёнагӣ, 1 адад фаранҷӣ ва дар асоси Амри Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати молияи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 12 адад сиккаи кушонӣ (яктоаш тиллоӣ) ворид гардиданд.

Тавассути фаъолияти кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар давоми як соли сипаришуда як дафинаи бузурги сиккаҳои нуқрагии асрҳои IX-X, сиккаҳои тиллоии асрҳои XV- XVI, китоби дастнависи «Қуръон», «Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ, китоби «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдураҳмони Ҷомӣ,  дастнависи «Маъориҷ-ун-мубавват фи мадориз-ил-футувват», китоби «Ақоиди насафӣ», мусаввараҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзода — «Бо иқдоми хуршед», «Сукути лолазорҳо», «Паррончакҳои Симурғ», «Гунаҳкори бегуноҳ» (аз силсилаи қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ), асари сегонаи Карим Наҷмиддинов «Эҳё» ва дигар осор ҷамъоварӣ шудаанд.
Тавре А.Шарифзода, директори Осорхона зикр кард, дар рӯзҳои наврӯзӣ   намоиши «Аз Наврӯз то Наврӯз» -ро зиёда аз 13 ҳазор нафар тамошо карданд.

«Дар рӯзҳои иду ҷашнҳо дар як рӯз ҳудуди 3-4 ҳазор нафар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан мекунанд. Дар рӯзҳои маъмулӣ наздики 500 нафар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Осорхона меоянд, ки агар инро бо солҳои пешин муқоиса намоем, сафи тамошобинон сол то сол меафзояд. Махсусан сафи тамошобинон аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ рӯ ба афзоиш дорад», — иброз дошт директории  Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ  Шарифзода.

 

                                                                                                             Рухсораи НУР

Май 18, 2017 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд