Ғалабаи нахустини Асрор Воҳидов дар чемпионати Осиё
ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд чемпионати Осиё оид ба бокс шурӯъ шуд, ки то 7 май идома меёбад.
Тавре аз Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар доданд, аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 8 нафар-Асрор Воҳидов (-56 кг), Баҳодур Усмонов (-60 кг), Фурқатҷони Одилхон (-64 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Бахтовар Сагизов (-52 кг), Шаббос Негматуллоев (-81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (-91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) ширкат доранд.
Дар рӯзи аввал ду варзишгари мо ба ринг баромаданд. Асрор Воҳидов дар вазни 56 кило бо муштзани Непал Пуран Рой рақобат карда, бо ҳисоби 5:0 ғолиб шуд ва ба даври дигар роҳхат гирифт. Ҳарифи навбатии Асрор Румей Танака аз Ҷопон (1 май) мебошад.
Баҳодур Усмонов, варзишгари дигари тоҷик дар вазни 60 кило дар рақобати аввалаш аз Умар Ҳасани ироқӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Рақобатҳо дар вазнҳои дигар идома меёбанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






