Бонки миллӣ фаъолияти ташкилотҳои қарзии «Асрина» ва «Армон»-ро қатъ гардонид
ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ аз 1 майи соли равон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва дархости ҶДММ Ташкилоти қарзии хурди «Асрина» ва Филиали қарзии хурди «Армон» оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии номбурдаро қатъ гардонид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин бо қарорҳои дахлдори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 майи соли равон дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва моддаҳои 6, 10, 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» иҷозатномаҳои Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд (ҶСП ТАҚХ) «Самар», ҶСП ТАҚХ «Вориси замон», ҶСП ТАҚХ «Амлок» ва ҶСП ТАҚХ «Нисор Фом» бозхонд карда шуда, фаъолияти онҳо бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ қатъ карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои зикргардида дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






