Дар Душанбе масоили муҳими баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 май дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (ДДТТ) ва Институти ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи VI байналхалқии илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Масоили муҳими баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» баргузор менамоянд.
Тавре аз ДДТТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конференсияи мазкур ду рӯз идома хоҳад кард.
Дар кори конфронси байналхалқӣ олимону коршиносон аз донишгоҳҳои гуногуни Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Дар конференсия дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои ҳолати муосири баҳисобгирии муҳосиботӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон», «Усулҳои ташхиси муфлисшавии корхонаҳои тиҷорати хурд», «Фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон: ҳолат ва дурнамои рушд», «Дороиҳои дарозмӯҳлат: баъзе ҷанбаҳои молиявӣ ва баҳисобгирии андоз» маърӯзаҳо шунида мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






