Дар Тоҷикистон ба мактаббачагон хӯроки яквақтаина дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар 2000 мактабҳои ноҳияҳои Тоҷикистон ба беш аз 300 ҳазор мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ хӯроки гарм ва серғизо дода мешавад.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин иқдом бо дастгирии Лоиҳаи рушди Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Сабук гардонидани дастрасӣ ба таҳсилот барои кӯдакони дар ҳолати осебпазир қарордошта» амалӣ мешавад.
Бояд зикр намуд, ки Лоиҳаи озуқаи мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар таъмини хӯрокӣ барои ҳазорон мактаббачагон аз соли 1999 инҷониб нақши муҳим бозида, тариқи афзудани нишондиҳандаҳои фарогирӣ ва давомоти хонандагон муваффақияти фавқулода ба даст овард.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсади барномаи таъмини озуқа барои мактаббачагон дастгирии оилаҳои камбизоатест, ки фарзандонашон, махсусан духтарон дар мактаб таҳсил мекунанд. Дар натиҷаи амалӣ гардонидани барнома нишондиҳандаҳои фарогирӣ ва давомоти хонандагони мактабҳо хеле баланд гардид.
Маводи озуқавории Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бо моддаҳои витаминӣ ғанӣ гардонида шуда, дар пешгирии норасоии микроэлементҳо нақши назаррас дорад.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999 барномаи таъмини хӯрокӣ барои мактаббачагон оғоз ёфт, ки он танҳо 5 ҳазор кӯдакро дарбар мегирифт. Дар муддати якчанд сол бо ғизои мактабӣ қариб 370 ҳазор нафар кӯдакони синфҳои ибтидоӣ таъмин гашта, ҳамин тариқ он дар низоми ҳифзи иҷтимоии кишвар ҳамчун суғуртаи табақаҳои камбизоати аксари манотиқи деҳот ва берун аз он аҳамияти зиёдтар касб кардааст.
Барнома ба оилаҳои мактаббачагон имконият медиҳад, то маблағҳоеро, ки барои харидани маводи хӯрокӣ хароҷот мекарданд, сарфа намоянд. Инчунин он барои хонандагон ҳар рӯз як миқдори муайяни хӯроки солим ва серғизоро кафолат медиҳад. Ин дар навбати худ барои оилаҳои гирифтори норасоии маводи озуқаворӣ ва аз офатҳои табиии мавсимӣ зарардида ёрӣ мерасонад.
Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ роҳи бисёрҷонибаи баланд бурдани зарфияти шариконро барои татбиқи лоиҳа ба кор мебарад. Барои ноил гаштан ба ин мақсад, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, Вазорати маориф ва илм, Ташкилоти ғайридавлатии «Институти ғизои соҳавӣ» ва ғайра ҳамкории зич дорад.
Бояд зикр намуд, ки дар айни замон дар саросари ҷаҳон Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ беш аз 20 миллион кӯдакони синни мактабиро, ки аксарашон духтаронанд, бо хӯрокӣ таъмин мекунад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои барномавии худ Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ фаъолона пеш бурдани барномаҳои миллии таъмини хӯрокӣ барои мактаббачагонро, ки барои гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ равона шудаанд, идома медиҳад.
Ибодат ДАВЛАТОВА








Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






