Донишҷӯёни тоҷик ҷоизаҳои «Суперполиглот» ва «Полиглот»-ро соҳиб шуданд

Май 11, 2017 11:33

ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии Қарағанда аз 4 то 6 май Олимпиадаи байналмилалии бисёрзабондонӣ миёни донишҷӯёни Осиёи Миёна ва Қазоқистон баргузор гардид.

Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада аз Тоҷикистон се нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, се нафар аз Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С. Улуғзода, се нафар аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва як нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ширкат варзиданд.

Дар олимпиада доир ба 18 забон озмун баргузор гардид, ки дар баробари забони тоҷикӣ забонҳои помирӣ, аз ҷумла рӯшонӣ, шуғнонӣ ва забонҳои форсию дарӣ низ шомил буданд. Олимпиада аз бахшҳои гуногун, аз қабили донандаи беҳтарини забони модарӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ, забони ақаллиятҳои миллӣ, эссеи беҳтарин доир ба забони давлатӣ, модарӣ ва хориҷӣ иборат буд.

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Дидор Мародасейнов дар ин озмун донандаи беҳтарини забони англисӣ эътироф гардида, сазовори ҷойи аввал гардид. Дидор Мародасейнов бо чаҳор забон — англисӣ, тоҷикӣ, русӣ ва шуғнонӣ доир ба мавзӯи интихобнамудаи ҳайати ҳакамон озод сухан гуфт. Эссеи навиштаи ӯ ба забони англисӣ ва суханрониаш ба ин забони байналмилалӣ аъзои ҳакамонро ба ваҷд овард ва ҳама бо як овоз ӯро донандаи беҳтарини забони англисӣ ва эссеяшро беҳтарин эссе шумориданд.

Ҳамчунин донишҷӯ  Самандар Шералиев аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ки  бо ҳафт забон суханронӣ кард,  ҷоизаи «Суперполиглот» (бисёрзабондон) ва Фирӯз Норов аз Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С. Улуғзода (бо шаш забон суханронӣ кард) ҷоизаи «Полиглот»-ро сазовор гардиданд.  Аз ҷумла,  эссеи ба забони қазоқӣ  навиштаи Фирӯз Норов боиси таҳсини ҳакамони ин забон гардид.

Дар рӯзи сеюм донишҷӯёни ҳар кишвар донишгоҳҳо ва суннатҳои миллии худро муаррифӣ карданд, ки хеле ҷолиб буд. Аз ҷумла, донишҷӯёни мо, ки ҳама бо либосҳои миллӣ ба саҳна баромада буданд, рақси миллии тоҷикӣ, рақси помирӣ, рақси сарбандӣ, рақси хатлонӣ (бо чакан) ва рақси мастчоҳиро иҷро намуданд, ки писанди ҳамагон гардид.

Дар олимпиада 22 донишгоҳ аз Қазоқистон ва Осиёи Миёна ширкат намуданд.

Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон Шарифмурод Исрофилниё, ки дар олимпиадаи мазкур ба ҳайси аъзои ҳакамон доир ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ ва арабӣ интихоб гардида буд, баён дошт, ки хеле хуб мешуд ректорони дигар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. «Ин гуна олимпиадаҳои байналмилалӣ муаррификунандаи фарҳанги мо ва тарғибгари донишгоҳҳои Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳо мегарданд»,-афзуд мусоҳиб.

 

Май 11, 2017 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд