Медали биринҷии шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ

Май 1, 2017 09:23

ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шиноварони тоҷик дар чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба шиноварӣ дар намуди эстафетаи 4х50 миёни занон дар ҳайати Карина Климик, Анастасия Тюрина, Аниса Ҷӯраева ва Гулшан Шодиева соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа 26-27 апрел дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашхобод доир гашт. Дар он 60 варзишгар аз 7 кишвар Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои медалҳо рақобат карданд. Аз ҷумҳурии мо дар ин чемпионат 12 нафар ширкат доштанд.
Дар ҳайати даставӣ Қирғизистон бо ба даст овардани 6 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ғолиб шуд.
Ҷои дуюмро шиноварони Қазоқистон бо 4 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ соҳиб шуданд.
Мақоми сеюм бо 3 медали тилло, 6 нуқра ва 6 биринҷӣ насиби тими Эрон гардид.

Май 1, 2017 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд