Норак: аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ

Май 11, 2017 13:29

НОРАК, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар меҳмонхонаи «Сайёра»-и шаҳри Норак дар  доираи  Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об  барои рушди устувор» ва бо  мақсади  баланд   бардоштани  мақоми занон, махсусан  дар  сатҳи  маҳал  роҷеъ  ба  масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва ширкати фаъоли онҳо дар идоракунии низоми  обтаъминкунӣ   аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ ва пойдор нигоҳ доштани системаи оби нӯшокӣ» ҷамъомад баргузор шуд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҷамъомад дар мавзӯи «Аҳамияти ширкати занон дар идоракунӣ ва пойдор нигоҳ доштани системаи оби нӯшокӣ» муовини раиси шаҳр, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, котибони ҷамоатҳо, намояндагони занони кумитаи маҳаллаҳои Далдахӯрон ва Хоҷаабдолон ҳарф заданд.

Иштирокчиёни ҷамъомад доир ба ин масъала пешниҳодҳои судманд баён карданд.

 

 

Май 11, 2017 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»