Шумораи хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» ба 4,2 миллион нафар расид!

Май 23, 2017 12:19

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи хонандагони сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз оғози навсозӣ-1 январи соли 2016) то 17 майи соли 2017 ба 4 миллиону 205 ҳазору 684 нафар расид, ки аз ин шумора 304 ҳазору 020 нафараш хонандагони доимӣ мебошанд.

Чунин маълумотро ба мо Агентии рекламавии «adMedia», ки машғули таъмини барномавии сомонаи мост, пешкаш намуд.

Албатта, ба чунин шумораи истифодабарандагони интернет барномаҳои Радиои «Ховар» дар мавҷи 101,5ҒМ низ дастрас аст, ки онро метавон ба таври зинда дар низоми онлайн тавассути сомонаи www.khovar.tj гӯш кард.

Ёдовар мешавем, ки АМИТ «Ховар» мақоми марказии давлатии иттилоотии Тоҷикистон ва яке аз агентиҳои иттилоотии маъруф дар минтақа ва кишварҳои пасошӯравӣ мебошад.

Агентӣ соли 1925 дар Душанбе ба ҳайси Агентии ҷумҳуриявии телеграфии «ТоҷикТА» дар ҳайати Агентии телеграфии Иттиҳоди Шўравӣ «ТАСС» фаъолиятро оғоз намуд. 10 апрели соли 1992 Агентӣ номи «Маркази иттилоотии Тоҷикистон (МИТ) «Ховар»-ро гирифт. 30 апрели соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи МИТ «Ховар» ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Имрӯз АМИТ «Ховар» ягона агентии иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки дорои мавқеи расмист. Он ҳуҷҷатҳои расмии вобаста ба фаъолияти Президент, Парламент, Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин тамоми сохторҳои давлатиро аз дасти аввал дастрас намуда, ба таври васеъ паҳн менамояд.

Агентӣ манбаи муътамади паҳнкунандаи иттилооти фаврию саҳеҳ доир ба рӯйдодҳои тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Маводи иттилоотии АМИТ «Ховар»-ро натанҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, радио ва телевизони Тоҷи­кистон, балки истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии Интернет, сафоратхонаҳои давлатҳои ҷаҳон, доираҳои соҳибкорӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар Тоҷикистон ва берун аз он истифода мебаранд.

Маводҳои АМИТ «Ховар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ нашр мешаванд. Агентӣ бо агентиҳо, хадамот ва марказҳои иттилоотии пешрафтаи ҷаҳон робитаҳои судманд дорад.

 

Май 23, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд