Устодони ДМТ дар бораи «Полки абадӣ» ва тарғиби он аз ҷониби бархе аз манфиатдорон

Май 6, 2017 14:09

ДУШАНБЕ, 06.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ, намояндагони касбу кори гуногун дар робита ба изҳороти  АМИТ «Ховар» (4 май ба забони тоҷикӣ ва 5 май ба забони русӣ) роҷеъ ба аксияи «Полки абадӣ» мавқеъ ва назари  хешро имрӯз низ баён намуданд. Дар зер мулоҳизаҳои ду нафар устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро пешкаш менамоем.

 

Комрон Абдуғаффорзода: «Полки абадӣ» -ҳаракати ҷамъиятии умумироссиягӣ буда, мақсади зоҳирии он гиромидошти хотираи нафароне мебошад, ки дар майдони набард бар зидди фашизм ҳалок гардиданд. Ин ҳамоишро бори аввал соли 1965 хонандагони мактаби  миёнаи №121 шаҳри Новосибирск ҳамчун рамзи эҳтиром ва пос доштани хотираи гузаштагони худ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир намуда, минбаъд солҳои 2004 — 2006 дар вилояти Новокузнетск ва соли 1999 дар шаҳри Иерусалим дар шакли ҳамоиш бо шиори «Мо шуморо дар саф иваз менамоем» доир гардида буд. Аз ин баъд «Полки абадӣ» характери умумӣ касб намуда, соли 2009 дар шаҳри Севастопол, соли 2011 дар шаҳри Томск роҳандозӣ шуда, солҳои охир доираи фарогирии ин ҳамоиш берун аз ҳудудҳои Россия, ба сарҳади кишварҳои дуру наздик расида истодааст.  Тадбирҳои оммавии он дар шакли ҳамоиши умумихалқӣ дар пойтахти Россия шаҳри Москва ва тамоми шаҳру навоҳии минтақаҳои Федератсияи Россия   доир карда мешавад. Ин ҳамоиш дар доираи  тантанаҳои ҷашнии Россия  дар арафаи Рӯзи Ғалаба доир карда мешавад.

Имсол  ташаббускорони ин аксия онро  берун аз ҳудудҳои давлати худ роҳандозӣ намуданианд. Масалан, соли ҷорӣ ин ҳамоиш дар Сурия, инчунин вилоятҳои Донетск ва  Лугански Украина ва дигар кишварҳо ва шаҳрҳо   доир карда мешавад. Ғайр аз ин, мотосиклронҳои «Ночные волки» ба ҷойҳои муҳорибаҳо ба хориҷи кишвари худ Чехия ва Словакия сафар карда, мазорҳои шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро зиёрат карда, ба қавле қудрати  низомии Россияро мехоҳанд тарғиб намоянд. Соли гузашта дар зиёда аз 50 давлати дунё ин ҳамоиш доир карда шуд.

Аз ин лиҳоз, доир намудани ин маърака, ки хоси Россия буда, манфиатҳои ин кишварро  ифода мекунад,   бардошт ва ё таъсири мусбие дар баланд бардоштани худшиносии миллии насли ҷавони кишвари мо нахоҳад гузошт. Хуб мешуд, ки ба ҷои чунин маъракаҳои сиёсии ҳангоматалабонаро   ҷонибдорӣ намудан  хидматҳо, талошҳо, ҷонбозиҳо ва нақши ходимони давлатӣ, зиёиёни мунавварфикри  солҳои 20-30-юми асри ХХ-и тоҷикро, ки баҳри   ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои миллӣ, талаби марзу буми аҷдодӣ ва ташкили Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон камари ҳиммат баставу ҷони худро зери хатар гузошта, соҳиби тамғаҳои «миллатгарои буржуазӣ» ва «душмани халқ» гардидаанд, ҷонибдорӣ намоем ва  номи онҳоро  зинда намоем. Ҳамчунин месазад оид ба корномаҳои ҷовидонаи фарзандони тоҷик дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнати фидокоронаи мардуми кишвар дар ақибгоҳ, ки нақши муассире ҷиҳати ба даст овардани Ғалаба бар фашизм гузоштаанд, асарҳо ва мақолаҳо эҷод намоем.

Аз ҷониби дигар анқариб пайравони ҳама адёни ҷаҳони муосир ба ҳаёти пасазмаргӣ эътимод дошта, ноором намудани рўҳи поки шаҳидонро гуноҳи азим мешуморанд. Дини мубини ислом низ ноором намудани рўҳи поки шаҳидон ва беэҳтиромии тасовири онҳоро ҷоиз намешуморад. Хуб мешуд, ки ба ҷои чунин ҳангомаҷўиҳо дар ҳаққи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тибқи оини ҳанафӣ дуои нек намоем.

Ба назари манн баъд аз соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ ба ҷои  ҳамоишҳое мисли  «Полки абадӣ», ки мунфисона набуда, дар ташаккули тафаккури миллӣ ва ғояҳои ватанпарастонаи насли ҷавони кишвари маҳбуби мо чандон таъсиргузор нест, хуб мешуд  ҷасорату ҷонфидоии қаҳрамонони таърихии миллати тоҷик (Спитамен, Шерак, Темурмалик, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур   ва дигарон), ки дар китоби ба тозагӣ нашр намудаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Чеҳраҳои мондагор»  муборизаҳои озодихоҳонаи онҳо бар зидди истилогарони аҷнабӣ  зикр шудааст, тарғиб карда шавад.

 ***

Аслиддин Хувахтов: Роҷеъ ба масъалаи баргузор нагардидани чорабинии аксияи «Полки абадӣ» маводи таҳлилие, ки аз ҷониби Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» пешниҳод шудааст, мувофиқ ва ҷавобгуи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар изҳороти агентии мазкур сабабҳои баргузор нагардидани  ин чорабинӣ аниқу дақиқ нишон дода шудааст, ки мантиқӣ буда, аз ҷонибдории  манфиатҳои миллии кишвар садо медиҳанд.

Боиси таассуф аст, ки бархе аз расонаҳои хабарии дохилӣ ба ҷои саҳмгузор будан дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди арзишҳои демократӣ ва ташаккули давлати ҳуқуқӣ  ба иғвоангезию сиёсатбозӣ машғуланд. Расонаҳои хабарии хориҷӣ бошанд, даст ба ифроти ақлӣ зада, миллати тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳқир намуда истодаанд.

Иқдоми пешгирифтаи масъулини соҳа бобати баргузор накардани «Полки абадӣ» саривақтӣ буда, қобили дастгирист. Зеро вазъияти амниятии мамлакатро ба ҷузъ аз мақомотҳои марбута каси дигар хубтару беҳтар дарк карда наметавонад. Бояд фаромўш насохт, ки барои бархе аз  давлатҳо ва расонаҳои хабарии хориҷӣ амнитяти кишвар, ваҳдати миллӣ, ободӣ ва рушди кишвари мо аҳамияте надорад. Вақти он расидааст, ки ба фишорҳои берунӣ тобовар шавем ва оҳиста-оҳиста барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ истодагарӣ намоем.

Дуруст аст, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фарзандони халқи тоҷик дар қатори намояндагони дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шўравӣ бар зидди Германияи фашистӣ ҷонбозиҳо намуда, садҳо нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок шудаанд. Аммо баргузор нагардидани аксияи «Полки абадӣ» ҳеҷ гоҳ маънии фаромўш намудани корнамоиҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати  кишвар ва халқи тоҷикро надорад. Паради ҳарбие, ки рўзи 9-уми май дар пойтахти мамлакат бо шукуҳи хосса баргузор мегардад, на танҳо бахшида ба рўзи Ғалаба бар фашизм доир карда мешавад, балки ҳамзамон ифодагари пос доштани хотираи неки қурбоёниёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ ҳаст.

Рўзноманигорони ватаниро мебояд аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ намоянд ва бо дарки моҳияти масъала ва бо ба инобат гирифтани масъалаҳои амниятии сокинони кишвар андешаҳои худро баён созанд.

Дар шароити дигаргуниҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, ба амнияти кишварҳо ва сокинони он бешак ҳар лаҳза хавфу хатарҳои гуногун таҳдид менамоянд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки аз суботу оромии ҷомеа дида арзиши олитареро дарёфт намудан ғайри имкон аст. Ҳар иқдоме, ки масъулини соҳа пеша менамоянд, пеш аз ҳама баҳри таъмини сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа буда, он бояд ҳамаҷониба пуштибонӣ ёбад. Аммо бархе аз расонаҳои хабарии дохилӣ ва  хориҷӣ ба чунин иқдоми сохторҳои дахлдори кишвари мо, ки барои таъмини амнияти ҷомеа равона шудааст, бо нияти нек нигоҳ намекунанд, мехоҳанд дар кишвари азизи мо иғво ангезанд ва ба робитаи ҳасанаи байнидавлатии миёни Тоҷикистон ва Руссия халал расонанд.

Боиси ифтихор аст, ки сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат бар пояи манфиат ва арзишҳои миллӣ асос ёфта, ифодагари иродаи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Май 6, 2017 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад