ИЗҲОРОТИ АМИТ «ХОВАР»: ЧОРАБИНИИ АКСИЯИ «ПОЛКИ АБАДӢ» НАҚШАБАНДӢ НАШУДААСТ

Май 4, 2017 20:37

Хабарҳои мавзӯъ

Чорабинии аксияи-0

ДУШАНБЕ, 04.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Рўзҳои охир дар расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ оид ба доир нагардидани аксияи «Полки абадӣ» андешаҳои мухталиф интишор шуда истодаанд.

Ба иттилои воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки доир ба баргузории Рўзи Ғалаба — 9 май як моҳ қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки чорабинии мазкурро дар сатҳи баланди сиёсӣ дар «Боғи Ғалаба» баргузор намоянд. Нақшаи чорабиниҳо ва сенарияи баргузории паради ҳарбӣ аз ҷониби Сарвари давлат тасдиқ гардида, корҳои ташкилию фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор оғоз гардидаанд. Аммо доир ба аксияи «Полки абадӣ» иқдоме сурат нагирифта, он ташаббуси иттиҳодияҳои алоҳидаи ғайриҳукуматӣ мебошад.

Бо мақсади амалӣ кардани супориши Сарвари давлат Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии кишвар ҷиҳати омодагӣ ба паради ҳарбӣ машқҳоро дар «Боғи  Ғалаба» оғоз карданд. Дар паради ҳарбӣ ҷузъу томҳои Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия низ иштирок менамоянд.

Паради ҳарбиро Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намуда, дар он намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бархе аз аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ қасамёдкунии наваскарон ва гулгузории беш аз 3000 нафар ҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Ҷавонон ба хотири пос доштани хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ ҳисса гузоштаанд, дар назди «Оташи абадӣ» -и «Боғи Ғалаба» ҳамчун рамзи эҳтиром ба иштирокчиёни ҶБВ гул гузошта, садоқати худро ба диловарони Ватан ифода менамоянд.

Барои дар сатҳи баланд доир гардидани ин чорабинӣ, вазоратҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омодагӣ гирифта, сайругашти оммавӣ ва консерти идонаи ҷавонони пойтахт низ дар «Боғи Ғалаба» ба нақша гирифта шудааст.

Ба хотири ҳифзи амнияти иштирокчиёни чорабинии Рўзи Ғалаба мақомоти дахлдор тартиботи ҷамъиятиро назорат менамоянд.

Идома доштани ҷанг дар мавзеъҳои наздики сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имкон намедиҳад, ки аксияҳои иловагӣ баргузор карда шаванд. Мувофиқи суннатҳои исломӣ низ бо акси фавтидагон баромадан ба кўчаю хиёбонҳо нораво буда, аксияи мазкур хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 449 иштирокчӣ ва маъюбони ҶБВ боқӣ мондаанд, ки аксари онҳо маъюб, барҷомонда ва ниҳоят пиру хастаҳол шудаанд. Баровардани ветеранҳои ҶБВ ба кўчаҳо ва ташкил кардани вохўриҳо бо онҳо ғайриимкон мебошад.  Аз ин рў Сарвари давлат ба раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе супориш доданд, ки вобаста ба имконот ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ кўмак расонида, дар маҳали зисташон табрикот ва кўмакҳои аввалияро расонанд.

Сарвари давлат инчунин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки ба ин табақаи ниёзманд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ёрии тиббӣ расонанд.

Ҳамчунин бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як иштирокчӣ 3000 сомонӣ ҷудо карда шуда, айни замон аз ҷониби масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ ва роҳбарони кумитаҳо дастрасии ин туҳфаҳои Пешвои миллат ба ҳар як иштирокчӣ амалӣ шуда истодааст.

Гузаштаро қадр кардан, поси хотираи ҳар як сарбози диловари кишварро донистан аз ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Аз ин рў хотираи шаҳидони ҶБВ дар ҷумҳурӣ қадр мешавад ва чорабиниҳои ба он алоқаманд дар сатҳи зарурӣ доир мегарданд.

Аз баъзе «дўстон» хоҳиш мешавад, ки аввал масъаларо доир ба аксияи мазкур дуруст равшан намоянд ва пасон барои таблиғ иқдом гиранд.

Дар ҳар як давлат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ дар чаҳорчўбаи қонунгузории  амалкунандаи ҳамон кишвар доир карда мешавад. Дар ҷумҳурии мо низ иқдоми пешгирифтаи Ҳукумат оид ба Рўзи Ғалаба саривақтӣ буда, ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия хоҳад намуд.

Май 4, 2017 20:37

Хабарҳои дигари ин бахш

33962845334_5c9b52367b_zМулоқотҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчии нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
33995922413_cc356bf314_zИштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Рогун 4Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун”
Рогун 5Суханронии Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»
Рогун -3Идомаи боздиди Президенти кишвар аз Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Рогун 10.05.17-2Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Рогун 10.05.17Оғози сафари кории Пешвои миллат ба Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Мощная бомба-2Вазъи мураккаб дар ҷаҳон: ИМА дар Афғонистон бомбаи фавқулиқтидори ғайриҳастаӣ истифода кард
Siriya-vojnaДАР БОРАИ ҲОДИСАҲОИ СУРИЯ: ҷаҳон дар вазъияти мушкил қарор гирифт
Президент ПоэтыКамол Насрулло: «Мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён падидаи нодиру бесобиқа аст»
Абдулвохид Шамолов-2НАВРЎЗИ АҶАМ: дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд…
DSC_0418_ _ копияНаврӯз-суннати мондагори ваҳдатгаро