Дар сарҳади давлатӣ 8 нафар ашхоси дар кофтуковбуда дастгир гардиданд

Июнь 7, 2017 15:40

ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматии ҷангӣ дар моҳи майи соли 2017 баргузор гардид, ки дар он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва шахсони масъул иштирок карданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки моҳи сипаришуда аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ 30 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва вайронкунандагони низоми сарҳадӣ боздошт гардида, 19 маротиба кӯшиши вайрон кардани сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд.

Дар ин муддат аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо КДАМ аз қочоқчиён ба миқдори  128 кг 730 гр  маводи мухаддир, аз ҷумла 5 кг 430 гр героин, 66 кг 300 гр  афюн, 57 кг бангдона, чарс  дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар ин давра дар натиҷаи амалиёт 2 адад яроқи оташфишон ва 40 дона тир, 2 адад лавозимоти дигари ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Аз ҷониби мақомоти назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ 8 нафар ашхоси дар кофтуковбуда боздошт шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.

Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба роҳбарони Қӯшунҳои сарҳадии  вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва дигар шахсони масъул оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкам гардонидани сарҳади давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.

 

Июнь 7, 2017 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд