ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО. Бо ҳукми Суди Олӣ чор нафар барои одамкушӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд

Июнь 1, 2017 15:46

ДУШАНБЕ, 1.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани одамкушӣ, роҳзанӣ ва хабар надодани ҷиноят чор нафар ҷинояткорон- Муродалӣ Миров ба муҳлати 22 сол, Амирбек Диллоев- 20 сол, Музаффар Ғоибназаров- 30 сол ва Анвар Ризоев ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Парванда имрӯз дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисикунанда, судяи Суди Олӣ Маҳмадалӣ Абдулҳақов баррасӣ гардид.

Муайян карда шуд, ки судшаванда Муродалӣ Миров бо писараш Рустам Миров ба тиҷорат машғул шуда, барои дарёфти маблағ манзили истиқоматии Р. Мировро дар филиали БДА «Амонатбонк» ба гарав мемонанд. Бо 100 ҳазор маблағи ба даст овардашуда аз ҶСК «Суғдиён»-и шаҳри Кӯлоб тахминан 900 линча орд харидорӣ намуда, ба фурӯш мебароранд. М. Миров қисми маблағи аз фурӯши орд ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ ба даст овардаашонро ба писараш Р. Миров надода, ба эҳтиёҷоти худ сарф мекунад. Моҳҳои август-сентябри соли 2016 М. Миров бо мақсади барнагардонидани маблағҳои ба даст овардааш ба судшаванда Амирбек Диллоев пешниҳод менамояд, ки бар ивази маблағ писараш Р. Мировро аз ҳаёт маҳрум созад. Амирбек Диллоев ба пешниҳоди М. Миров розӣ шуда, бо судшаванда Музаффар Ғоибназаров ба манзили М. Миров омада, барои содир намудани куштори писараш 1000 сомонӣ ҳамчун пешпардохт мегиранд. Мувофиқи ваъда М. Миров баъди аз ҳаёт маҳрум сохтани писараш боз 30 ҳазор сомонии дигар ба онҳо бояд медодааст. Судшаванда А. Диллоев барои куштани писарандари апааш- Рустам Миров фурсати муносибро интизор шуда, нақшаи куштори ӯ ва тасарруфи мошини ӯро тарҳрезӣ менамояд.

11 ноябри соли 2016 А. Диллоев ва М. Ғоибназарав тибқи нақша бо худ гулмехи оҳанин ва болға гирифта, бо мақсади амалӣ намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ ва куштор ба мошини Р. Миров нишаста, ба ӯ мегӯянд, ки мошинашро ба тарафи ҳудуди заминҳои деҳаи Ҷӯйбодом, Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ронад. Р. Миров, ки аз нияти наздиконаш хабардор набуд, мошинашро ба ҷойи муайянгардида меронад. Дар роҳ ҳангоми бархӯрдани мошин ба санг Р. Миров мошинро дар канори роҳ бозмедорад. А. Диллоев  ва М. Ғоибназаров аз фурсати муносиб истифода бурда, бо гулмехи оҳанин ба ӯ ҳуҷум намуда, якчанд маротиба ба сару рӯи Р. Миров мезананд. Дар натиҷа номбурда дар дохили салони мошин ба ҳалокат мерасад.

Сипас ҷинояткорон ҷасади Р. Мировро ба шаҳри Ҳисор бурда, ба канали обгузари деҳаи Дурбади ҷамоати деҳоти Дурбад мепартоянд.

?

?

Июнь 1, 2017 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад