С. Ятимов, раиси КДАМ: «Мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳамеша омодаанд ба гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ ҷавоби сазовор диҳанд»
ДУШАНБЕ, 02.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 31 май — 2 июни соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон Ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо гузаронидани машқҳои тактикӣ-санҷишӣ ва ҳарбии монанд ба шароити воқеӣ дар сатҳи хеле олӣ баргузор шуданд. Имрӯз намоядагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва намояндагон аз созмонҳои байналмилалии СҲШ (Созмони Ҳамкории Шанхай), СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ), САҲА (Созмони амният ва ҳамкории Аврупо) баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои мулоқоти Душанбе ва шинос шудан бо ҷараёни машқҳои амалии зиддитеррористӣ аз Тоҷикистон бармегарданд.
Рӯзи нахустини Ҷамъомад ҳайати меҳмонон бо нишони арҷгузорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатии Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд. Сипас дар Кохи афсарони Вазорати мудофиа барои меҳмонон намоиши пӯшидаи силоҳҳои сабуки оташфишон, муҳимоти ҷангӣ, лавозимоти ҳарбӣ, сарулибоси хоса, ки дар зимни амалиёти махсус аз ҷониби кормандони машқдидаи сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд, баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи намояндагони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, хадамоти махсус ва дигар сохторҳои амниятии кишварҳои ИДМ, ки худи ҳамон рӯз дар Кохи афсарони Душанбе баргузор гардид, марҳалаи аввали машқҳои зиддитеррористӣ, ки дар ҳудуди 6 кишвар – Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия баргузор шуда буданд, мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуд. Зимни машқҳои марҳалаи аввал мақомоти амниятӣ муайян намуданд, ки гумоштагон ва фиристодагони гурӯҳҳои байналхалқии террористӣ барои ҷалб кардани ҷавонон ба сафи дастаҳои ҷангии террористӣ ба таври васеъ аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ истифода мебаранд. Дар натиҷаи амалиёти муштарак ва ҳамоҳангшуда мақомоти амниятии кишварҳои ИДМ шахсият ва макони ҷойгиршавии таблиғгарони асосии гурӯҳҳои байналхалқии террористиро муайян карданд, ҳамчунин шеваи фаъолияти зиддиқонунии ин ҷинояткорон, доираҳое, ки ҷинояткорон таваҷҷуҳи худро ба онҳо бештар равона месозанд, мушаххас карда шуданд. Ҳамаи маълумоти ҷамъоваришуда оид ба ҷинояткорон барои истифодаи самаранок ҷиҳати ҳифз намудан ба хазинаи ягонаи маълумот ирсол шуданд. Дар марҳалаи аввал ҳамчунин роҳу усулҳои огоҳсозии ҳамдигарии мақомоти махсуси кишварҳо дар сурати сар задани хатарҳои террористӣ таҳия ва коркард шуданд.
Нисфирӯзии 31 май дар доираи «Барномаи ҳамкории кишварҳои ИДМ оид ба мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои дорои характери зӯроварӣ барои солҳои 2017-2019» дар маркази шаҳри Душанбе амалиёти машқии зиддитеррористӣ гузаронида шуд. Дар доираи ин амалиёт 5 нафар «ҷинояткорон»-и шартии «мусаллаҳ» ба даромадгоҳи Маркази ҷумҳуриявии радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳамла оварда, як корманди муҳофизро «ба қатл расонида», ду муҳофизи боқимондаро «гаравгон мегиранд» ва ба дохили бинои Маркази номбурда ворид мешаванд. «Ҷинояткорон» кормандони дар дохили бинобударо «гаравгон гирифта», барои паҳн кардани тарсу ҳарос чанд нафари эътирозкардаро намоишкорона, аз ҷумла занону духтаронро бераҳмона «лату кӯб мекунанд». Баробари гирифтани хабар дар бораи ҳамлаи ҷинояткорон ба бинои маъмурӣ гурӯҳи «А»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи таъйиноти махсуси ВКД ҶТ ва дастаи наҷотбахшони КҲФ ва МГ ҶТ ба ҷойи ҳодиса мерасанд. Кормандони БДА роҳҳои атрофи бинои ғасбшударо баста, кормандони милитсия одамонро аз биноҳои атроф ба ҷойи бехавф мекӯчонанд. Пас аз он ки гурӯҳи «ҷинояткорон» ба талаби таслим шудан розӣ нашуданд, бо мақсади озод намудани «гаравгонҳо» ва несту нобуд сохтани «террористон» дар бораи «ҳамла» ба бино қарор гирифта мешавад. Чор гурӯҳи махсуси ҷанговарон яке аз даромадгоҳи асосӣ, гурӯҳи дигар аз даромадгоҳи эҳтиётӣ, гурӯҳи сеюм аз тарафи рости бино ва гурӯҳи чорум аз болои боми бино барои «ҳамла» омода мешаванд. Дар баробари инҳо гурӯҳи «тирандозони якачин» пинҳонӣ мавқеъ гирифта, аз чор тараф вазъияти атроф ва дохили биноро ба воситаи дурбинҳо пурра таҳти назорат қарор медиҳанд. Гурӯҳи алоҳидаи «ҷанговарон» ба техникаи зиреҳпӯш ва силоҳҳои тирандози силсилазан барои муваффақона сурат гирифтани амалиёт сафарбар шудаанд. Ҳар чор гурӯҳ дар як вақт якбора ба «ҳуҷум» гузашта, бо роҳи ба ғафлат андохтани «душман» вориди бино мешаванд. Пас аз тирпарронии кӯтоҳмуддат, вале сершиддат «террористон»-и шартӣ безарар гардонида шуда, «гаравгонҳо» озод карда шуданд. Пас аз он ки «гаравгонҳо» аз дохили бино берун бароварда шуданд, дар ошёнаи сеюми бино якбора «оташ» аланга гирифт.
Барои бартараф кардани он гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ ва МГ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, «оташ»-ро хомӯш карданд. Гурӯҳи махсуси минакобҳо бо сагҳои хизматӣ аз дохили бино «маводи тарканда» пайдо карданд. Аз сабаби он ки «маводи тарканда» худсохт буд ва ҳар лаҳза имкони «таркидан»-и он вуҷуд дошт, қарор карда шуд, ки роботи махсус онро аз дохили бино берун карда, безарар гардонад. Пас аз безарар гардонидани «маводи тарканда» кормандони тиб барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва ба беморхонаҳо интиқол додани «ҷароҳатбардоштагон» бо мошинҳои «ёрии таъҷилӣ» ба ҷойи ҳодиса расиданд. Баъд аз он ки ҷановарони гурӯҳи «А»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи таъйиноти махсуси ВКД ҶТ ва дастаи наҷотбахшони КҲФ ва МГ ҶТ вазифаҳои ба зиммадоштаро дар муддати кӯтоҳ ва бе талафот иҷро карданд, гурӯҳи тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса омада, ба ҷамъ овардани далелҳои шайъӣ ва тартиб додани санадҳои зарурӣ машғул шуданд…
Ҳамин тавр роҳбарият ва кормандони мақомоти зиддитеррористии Тоҷикистон дар ҳузури зиёда аз 100 нафар меҳмонон бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо ва шароити мавҷуда амалиёти машқӣ нишон доданд. Мавриди зикр аст, ки аз машқи ҷанговарони гурӯҳҳои махсуси зиддитеррористии Тоҷикистон меҳмонон ба ваҷд омада, қариб ҳар як лаҳзаи машқро дар телефонҳои мобилии худ сабт карданд.
Дар машқгоҳи «Лоҳур» бегоҳии 31 май амалиёти машқии зиддитеррористии нисбатан калонҳаҷм бо ширкати гурӯҳи «А»-и КДАМ ҶТ, гурӯҳи таъйиноти махсуси ВКД ҶТ, сохтори хоссаи Гвардияи миллии ҶТ, дастаи наҷотбахшони КҲФ ва МГ ҶТ, даҳ адад танку тӯпҳо ва техникаи зиреҳпӯши пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия, инчунин 4 ҳавопаймо ва 8 вертолёти ҷангӣ доир карда шуд. Дар ин амалиёти машқӣ якбора дар се мавзеъ «задухӯрдҳои низомӣ» сурат гирифтанд. Як гурӯҳи террористони шартӣ ба маҳали биноҳои истиқоматӣ «ҳамла» оварда, ният дошт, ки бо намоишкорона ба «қатл» расонидани чанд нафар аҳолии осоишта фазои тарсу ҳаросро ҷорӣ карда, дигаронро ба сафи худ ҷалб кунад ва дар сурати зарурӣ аз сокинони осоишта ҳамчун сипари зинда истифода барад. Дар ҳамин вақт гурӯҳи дигари террористони шартӣ савори мошинҳои муҷҷаҳаз бо пулемёт ва дигар силоҳи заробазани силсилавӣ мехоҳанд ба посгоҳ «ҳамла» оварда, анборҳои силоҳу муҳимоти ҷангиро аз худ кунанд. Бо баробари гирифтани хабар ҷанговарони дастаи таъйиноти махсуси Гвардияи миллӣ бо истифода аз вертолётҳо, зиреҳпӯш ва дигар муҳимоти ҷангӣ ба маҳаллаи истиқоматӣ расида, ҷасурона ба муқобили «террористон» амалиёт мегузаронанд ва баъд аз чанд муддат маҳаллаи аҳолинишинро аз «террористон» пурра озод мекунанд.
Барои бартараф кардани оқибатҳои задухӯрди мусаллаҳона дастаи наҷотбахшони КҲФ ва МГ ба маҳали аҳолинишин мерасанд. Табибон ба воситаи вертолётҳо «ҷароҳатбардоштагон» ва «захмиён»-ро мекӯчонанд.
Ҷанговарони гурӯҳи «А»-и КДАМ ҶТ аз нияти ҳамлаи террористони шартӣ ба посгоҳ огоҳ шуда, онҳоро ба воситаи мошинҳо пайгирӣ мекунанд ва бо камин гирифтан ва зарбаи барқосо расонидан ин «террористон» низ безарар гардонида мешаванд.
Дар ҳамин маврид хабар мерасад, ки як гурӯҳи калони террористони шартӣ, ки дар мавзеъҳои кӯҳӣ ҷойгир буданд, бо нияти ёрӣ расонидан ба ҳаммаслакони худ ва ҳамла кардан ба қисми ҳарбӣ ва шаҳраки аҳолинишин ба доманакӯҳҳои Қаратоғ баромаданд. Бо гирифтани хабари мазкур ду ҳавопаймои ҳамлаовари навъи СУ-24-М ба маҳали қароргирифтаи «террористон» парвоз карда, ҷониби онҳо «ракетаҳо» сар медиҳанд. Агарчӣ аз ин зарбаҳо гурӯҳи «террористон» парешон шуда бошанд ҳам, онҳо ба гурӯҳҳои хурд-хурд ҷудо шуда, ҳаракати худро идома медиҳанд. Фармондеҳи амалиёти машқӣ барои кумак ҳавопаймоҳои бомбаандози навъи СУ-25-С-ро даъват мекунад. «Баъд аз 1 дақиқа ҳавопаймо ба макони ишорашуда мерасад», — ҷавоб медиҳад сарнишини ҳавопаймо. Воқеан ҳам бо гузашти як дақиқа дар қаторкӯҳҳои машқгоҳи Лоҳур садои мудҳиши «бомбаандозӣ» ба мавқеи «террористон» бо чангу хоку доду фиғони «террористони зарбхӯрда» паҳн гардид.
Ин замон хабар мерасад, ки гурӯҳи дигари «террористон» ба яке аз посгоҳҳо ҳамла оварда, ҷанговарони посгоҳ маҷбур шуданд, ки барои мудофиаи давродаврӣ мавқеъ гиранд. Бо фармони роҳбарияти амалиёти машқии зиддитеррористӣ ба кумаки ҷанговарони посгоҳ якчанд танку зиреҳпӯш ва артиллерияи худгард равона мешаванд. Ҷановарони посгоҳ ба хотири «зарба задан ба террористон» ақибнишинӣ мекунанд ва пас аз ишораи онҳо танку тӯпҳо ба сари «террористон» борони «марг» мефиристанд. Бо ба анҷом расидани тӯппарониҳо ва несту нобуд гардонидани «террористон» ҷанговарони посгох дубора мавқеи худро ишғол карда, «ҷароҳатбардоштагон»-ро ба марказҳои тиббӣ интиқол медиҳанд. Барои пурра несту нобуд кардани «террористон»-и рӯ ба гурезоварда вертолётҳои ҷангӣ сафарбар мешаванд. Баъди зарбазании вертолётҳо артеллерияи реактивии навъи «Град» ба мавқеи «террористон» ҳамла меорад.
Ҳамин тавр, гурӯҳҳои махсуси зиддитеррористии мақомоти амният, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, ҚҲФ ва МГ ва дигар сохторҳои амниятии Тоҷикистон амалиёти ҳамоҳанг ва мутобиқу баробар бо ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россияро дар ҳузури иштирокдорони даври нахустини «Барномаи ҳамкории кишварҳои ИДМ оид ба мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои дорои характери зӯроварӣ барои солҳои 2017-2019» намоиш доданд.
Марҳалаи ниҳоии машқҳои зиддитеррористӣ рӯзи 1 июн дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон» баргузор карда шуд. Мавриди зикр аст, ки машқгоҳи мазкур 20 километр дуртар аз хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир буда, дар он шароити хеле мураккаби ҷуғрофӣ ва гарму хушки табиӣ ҳукмфармо мебошад. Дар амалиёти машқии мазкур 30 адад ҳавопаймоҳои гуногун, аз ҷумла навъи АН-30Б, ҳавопаймои стратегии Ту-95, ҳавопаймои ҷангии боркаши ИЛ-76, ҳавопаймоҳои ҷангии ТУ-22, СУ-24, СУ-25, вертолётҳои навъи Ми-8 ва Ми-24, артиллерияи худгарди навъҳои «Гвоздика», «Акатсия», «Ураган», «Град», силоҳи тактикии зарбазани «Искандер», танкҳои навъи Т-72, зиреҳпӯшҳои навъи муосири 82-А, мошинҳои ҷангии навъи муосири БМП-2, инчунин мошинҳои ҷангии навъи «Хамер» ва «Тайота-Хайлюкс», зиёда аз 2 ҳазор ҷанговарони қӯшунҳои гуногун сафарбар шуданд. Бори аввал дар машқҳои зиддитеррористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон силоҳи тактикии зарбазани «Искандер» истифода шуда, ҳавопаймои ҷангии боркашони ИЛ-76 ба воситаи парашют дар майдони ҳарб танкро фуруд овард. Аз тамоми намудҳои силоҳҳои дар боло зикршуда дар ҷараёни амалиёти машқии дирӯза истифода карда шуд.
Генерал-полковник Андрей Новиков, роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ зимни мусоҳиба бо хабарнигорони ВАО-и Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ оид ба натиҷаҳои амалиёти машқии зиддитеррористӣ чунин изҳор кард: «Амалиёти муштараки машқии сохторҳои махсуси Тоҷикистон ва неруҳои ҷангии ҳавзаи ҳарбии шимолии қувваҳои мусаллаҳи Россия бори дигар ҳамоҳангу муназзам будани фаъолияти муштараки ин сохторҳоро барои ошкор кардан, бартараф намудан ва безарар гардонидану несту нобуд намудани ҳама гунна гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои калонҳаҷме, ки мехоҳанд сарҳади давлатиро убур карда, вориди Тоҷикистон шаванд, бараъло нишон дод».
Ҳамчунин бори аввал машқҳои зиддитеррористӣ дар чанд марҳала баргузор карда шуданд, ки марҳалаи нахустин аз омӯзишу анҷом додани корҳои иктишофӣ, муаяйн намудани гурӯҳи ҷинояткорони эҳтимолӣ ва муҳити корбарии онҳо, инчунин аз анҷом додани амалиёти машқӣ бо истифода аз ҳама намудҳои силоҳ баргузор карда шуданд.
Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ ҶТ ба хабарнигорон чунин гуфт: «Ҳарчанд вазъият дар қисмати шимолии Афғонистон мураккаб бошад ҳам, он таҳти назорати мо қарор дорад ва ягон ҳолати фавқулодаи махсус дар хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ба амал нахоҳад омад. Машқҳое, ки давоми ду рӯз гузаронида шуданд, нишон доданд, ки мо барои бартараф кардани ҳама гуна ҳолатҳо ва ҷавоби сазовор додан ба душман ҳамеша омода буда, ҳатман ба ҳаракатҳои гурӯҳҳои террористӣ вокуниши саривақтӣ нишон медиҳем».
Воқеан, масъулияти баргузор намудани Ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо гузаронидани машқҳои тактикӣ-санҷишӣ ва ҳарбии монанд ба шароити воқеӣ рӯзҳои 31 май — 2 июни соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон ба зиммаи КДАМ ҶТ вогузор гардида буд, ки ин бесабаб нест. Зеро маҳз кормандони КДАМ ҶТ дар хати пеши мубориза ба муқобили террористон қарор доранд ва ҳамеша омодаанд, ки ба террористон ҷавоби дандоншикан диҳанд.
Бояд гуфт, ки баъд аз анҷоми машқҳои зиддитеррористӣ ба афсарону аскароне, ки қобилияти баланди ҷангӣ нишон доданд, мукофотҳои шоиста тақдим карда шуданд.
А.САНГЗОДА