АНДЕШАҲО ДОИР БА ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО. (Ба 10-умин солгарди амали Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида мешавад)

Июль 10, 2017 10:12

Қисмати дуюм: мушкилоти танзими ҷашну маросимҳо дар даврони истиқлолият

ДУШАНБЕ, 10.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Ба ҳукми тақдир ҷумҳурии мо соли 1991 ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Баробари ҳамаи дастоварду мушкилот ва каму беши тарзи ҳаёти нав дар шароити комилан фарқкунанда расму ойинҳои тоисломию исломӣ ва ғайриисломӣ, комунистӣ, хоназод ва аз берун воридшуда бо ҷумлаи ифроткорӣ, хароҷоти калони миёншикан, дабдабаву валвала, балки чанд баробар бештар аз пештар вориди воқеияти нави ҷумҳурии азизамон гардид. Дар марҳилаи нахустини рушди мустақилона аслан барои роҳбарияти олии кишвар фурсате доир ба баррасии ин масаълаи муҳими кору фаъолияти шаҳрвандони кишвар даст надод. Вале дар оғози қарни XXI дар кишвар зарурати ба низом ё ба чаҳорчўбаи маъқул даровардани ин ҳама расму ойин ва маросимҳо ба миён омад. Ана дар ҳамин лаҳза таҷрибаи бойи роҳбарию кордонӣ ва фаросату заковати баланди мардумсолории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиммат бар он гуморид, ки мо бояд барои ҳалли ин қазия ҳамчун як масъалаи муҳими ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз мавқеи баланди масъу­лият­шиносӣ назар афканем. Дар воқеъ, кор ба ҷое расида буд, ки тавассути масъалагузории мавсимӣ дар атрофи ин мушкилӣ, гузарони­да­ни маҷлисҳо дар доираҳои баланди давлатию ҳукуматӣ, баргузор наму­дани конференсия, симпозиум ва анҷуманҳо, қабули қарору қонунҳои маъмулӣ, баромаду гузоришҳо аз тариқи воситаҳои ахбори омма, нашри рўзномаву маҷаллаҳо ва мақолаҳои гуногунҳаҷми илмию оммавӣ ва баъди гузаштани чорабинӣ якбора мўҳри хомўшӣ ба даҳон задан раси­дан ба ҳадафу мақсаде номумкин буд. Воқеият собит намуд, ки дар роҳи ҳалли масъалаи танзими ойину маросим монеаҳои сахттару душвортар – сабабҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ ва равонӣ ҳастанд, ки бартараф намудани онҳо бағоят мушкил аст ва ҳам муддати тўлониеро тақозо мекунанд. Дар ҷомеаи башарӣ ниҳодҳо, қонуну қоидаҳо, расму ойинҳову динҳо, созмону ташкилот ва дигар мафҳумҳои ба ин монанд ҳамон вақт боқӣ мемонанд ва умри тўлонӣ мебинанд, ки агар барои ҷомеа вазифаи муфидеро адо намоянд, ягон бори барои ҷомеа заруриро ба дўши худ гирифта бошанд. Ҳатто забон, ки нишондиҳандаи ҷавҳари ҳастии мар­дум аст, ҳар гоҳ вазифаи асосии худ – воситаи муоширати байни одамон буданро иҷро накунад, метаво­над аз байн равад. Дар ҳамин раванди ифои нақше ва доштани зарурате барои ҷомеа дину оину русум, урфу одату маросим ва дигар мафҳумҳои ба онҳо монанд бино бар сабабҳои муайян ба вуҷуд меоянд ва дар ҷомеа боқӣ мемонанд ё аз байн мераванд. Бахшҳои алоҳидаи илмҳои гуманитарӣ ин мавзўъҳоро таҳлилу таҳқиқ намуда, решаҳо, сабабҳо ва ҳолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, фар­ҳан­гӣ, этнографӣ, омилҳои дохилию хориҷӣ ва ғайраҳои ба вуҷуд омадан, боқӣ мондан ва аз байн рафтани онҳоро муайян кардаанд.

Ҳамин буд, ки баъди истиқрори сулҳу оромӣ ва то андозае маҷрои муайян касб намудани ҳаёти сиёсӣ дар кишвар масъалаи ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо ҳамчун як чораи таъхирнопазир ва зару­рӣ ҷиҳати аз буҳрони молиявӣ берун овардани мардум ва таҳки­ми поя­ҳои иқтисодии ҷомеа аҳамияти принсипалӣ касб намуд ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат дар атрофи ин мавзўи мубрам машварати умумиҷумҳу­риявӣ доир гардид. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсули ҳамин иқдоми хирадмандона мебошад, ки дар асоси муҳокима, ба эъти­бор гирифтани фикру андеша ва маслиҳату машварати мардуми кишвар таҳия гардида, ниҳоятан дар санаи 8-уми июни соли 2007 ба тасвиб расид. Ҳадафи асосии Қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷо­ти зиё­да­тие мебошад, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зиёну газанди бешу­мор ворид менамуданд. Дар моддаи нахустини ин Қонуни миллӣ ҳадафи асосии он бисёр равшан баён гардидааст: «Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад».

Бояд таъкид кард, ки бартарияти ташаббуси Сарвари Давлат дар зарурати қотеъонаи қабули Қонуни муваффақона амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар он буд, ки Ҷаноби Олӣ аз нигоҳи манфиатҳои иҷтимоӣ ба мардум фаҳмонида тавонистанд, ки ҳамаи зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маъракаҳо ҷуз худнамоӣ ва шўҳратпарастӣ чизи дигаре нест. Хушбахтона, мардум оҳиста-оҳиста ин ҳақиқати бебахсро дарк намуданд ва фоидаи танзимро дар беҳбуди ҳаёти рўзмарра ва буҷети оилавии худ ба ваҷҳи писандида эҳсос намуданд. Акнун вазифаи шаҳрвандии мо дар шароити кунунӣ аз он иборат аст, ки ҷанбаҳои мусбати қонуни мазкурро тақвият бахшида, ҳамеша дар пайи ислоҳи камбудиҳо ва бартараф намудани нуқтаҳои заъфи амалкарди он бошем ва бад-ин васила рисолати шаҳрвандӣ ва эътиқодии худро анҷом диҳем, зеро дар ҳадиси пайғамбари ислом (с) омадааст, ки «мусулмон касест, ки мусулмонон аз забону дасти ў солим бимонанд».

Бояд эътироф намуд, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи иқтисодӣ ва моддию молиявии мардум аз сабаби сарфу харҷи беҳуда ва риояи расму оинҳои сермасрафе, ки ба сари мардуми мо таҳмилӣ бор гашта буданд, бисёр ногувор ва нига­рон­кунанда буд. Аз ин нуқтаи назар, ҳуҷҷати барномавии мазкур воқеан як қонуни мардумӣ мебошад. Зеро он барои таъмин ва ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодии мардум нигаронида шуда, ҳангоми омода сохта­ни он фикру ақида ва андешаи қишрҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва таҷрибаи мамолики суннигаро ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ба назар гирифта шудаанд. Аз ин лиҳоз, Қонуни мазкур бо муқаррарот, талабот ва фармуда­ҳои шариати ислом ягон мухолифат надошта, балки тибқи далолати оятҳои Қуръони карим барои пешги­рии исроф ва дастгирии шахсони камбизоат ниҳоят судманд аст. Худованд дар ояти 31-уми сураи Аъроф мефармояд: «Ва бихўреду биёшо­мед ва исроф макунед! Ба дурустӣ ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад». Аз ин оят маълум мегардад, ки шариат бар зидди дуруст истифода бурдани одамон аз неъматҳо нест, вале исрофро манъ мекунад. Мо метавонем бо қотеият гўем, ки моддаҳои ин Қонун бо такя ба сарчашмаҳои асосии ислом, бо илҳом аз андешаҳои мутафаккирони рўшанфикри гузаштаи миллат ва ҳамоҳангӣ бо меъёрҳои динию мазҳабӣ падид омадааст. Маълуми ҳамагон аст, ки оятҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ дар баробари ташвиқ намудан ба хайру садақа исроф­корӣ ва зиёдаравӣ дар истифодаи сарватҳои инфиродӣ ва иҷтимоиро мавриди тозиёнаи танқид ва мазаммати ҷиддӣ қарор додааст. Исрофко­рӣ дар ин манобеъ ба маънои зиёдаравӣ омада, на танҳо дар сарватҳои моддӣ, балки дар муносибат ба дороиҳои маънавӣ, аз қабили гуфтор ва рафторҳои инсон низ заминаи густариш ва таъсиргузориро ба инобат гирифтааст.

Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳия­ҳои кишвар бахшу шуъбаҳои оид ба корҳои дин, воҳидҳои корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сарму­тахас­сисон оид ба корҳои дин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъсис дода шудаанд. Тавре ки таҳлилҳои коршиносон ва натиҷаи назарсанҷиҳо  нишон медиҳанд, фаъолияти ин сохторҳо ба раванди кори танзим ва пешгирии исрофкорӣ, роҳ надодан ба харҷу сарфи беҳуда мусо­идат намуда истодааст. Илова бар ин, дар ҳудуди ҳар як ҷамоатҳои шаҳ­ракҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ, инчунин дар корхонаҳо ва ташкилоту муас­си­­са­ҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, комиссияҳои доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва комиссияҳои доимӣ амал мекунанд, ки  фаъоли­яти самараноки ин ниҳодҳо боиси рўз то рўз рў ба беҳбудӣ овардани вазъи иқтисодии сокинони кишвар гарди­да истодааст.

Дар бораи фазилатҳо ва паёмадҳои Қонуни танзим сухан ронда,  пеш аз ҳама, метавон қайд кард, ки қабули Қонун таассубу худнамоӣ, пофишорӣ ва якравиро дар тарзу услуби баргузории маъракаҳо аз байн бурд. Аз тарафи дигар, истифодаи дурусти неъматҳои моддӣ, ёрӣ расони­дан ба атрофиён ва гирифтани дасти ниёзмандон боиси тақвияти волоияти қонун ва баракату фаровонӣ дар зиндагии рўзмарраи мардум ва таҳкими оромии ҷомеа шудааст.

Имрўз бо боварии комил метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур дар шароити буҳрони шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ ва болоравии нархи маводи хўрока барои амалӣ намудани стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Қабули қонун дар ҳаёти иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ҳодисаи муҳим, тақдирсоз ва воқеан инқилобӣ буд. Ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки қабл аз қабули қонун фарқ миёни маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ қариб аз байн рафта, онҳо ба як намуд мусобиқаҳои эълонношуда табдил ёфта буданд. Хуш­бах­тона, бо қабули қонун ба хароҷоту исрофкориҳои бемаврид хотима дода шуд. Қонун шаҳрвандонро аз ҳама гуна уҳдадо­риҳои беасос озод намуда, шароит фароҳам овард, ки маъракаҳои хурсандӣ ва азодории худро бо масруфоти кам барпо намоянд. Адолати иҷтимоӣ то андозае миёни шахсони сарватманд ва камбизоат ҳангоми маъракаороӣ ва азодо­рӣ ба эътидол дароварда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо истифодаи сарфаю сариштакорӣ ҳифзи молу мулки мардум таъмин гардида, барои ба як меъёри муътадил даровардани тартиб, вақти баргузорӣ, реҷа ва буҷаи баргузории маъракаҳо мусоидат намуд. Дар натиҷа пеши роҳи исрофкорӣ гирифта шуда, барои мардуми миёнаҳол шароит муҳайё гардид, ки молу дороии худро ба самти дурусти эҳтиёҷоти оилаҳои худ равона кунанд.

Қобили зикр аст, ки аксарияти мардуми кишвар қабули қонуни мазкурро ба хушӣ пазируфта, дар кори амалӣ шудани он пайваста ширкат меварзанд. Ашхосе, ки ба меҳнати ҳалол машғуланд, бо ризоияту қаноатмандӣ дар доираи талаботи қонун маъракаҳои худро оромона мегузаронанд. Аз ҷониби дигар, раванди натиҷаҳои тафтиши риояи талаботи Қонун аз тарафи ниҳодҳои дахлдор нишон медиҳад, ки ҳанўз ҳам як гурўҳи саркаш ба моҳияти қонун сарфаҳм нарафта, гоҳо ба баҳонаи надо­­нис­тани талаботи он ҳангоми гузаронидани маъракаҳои хурсан­дӣ ба зиёдаравӣ, камбудиҳои ҷиддӣ ва қонуншика­ниҳои ошкоро роҳ медиҳанд, ки ин ихтилофи комил бо қонунгузории амалкунанда дорад. Илова бар ин, баъзе нафароне низ ҳастанд, ки аз рўи ҳавову ҳавас ва худнамоӣ ба қонуншиканиҳо даст мезананд. Масалан, баъзе ашхос ҳангоми баргузор намудани оши наҳор барои 80-100 нафар мизу курсӣ мегузоранд, вале се-чор маротиба ва аз ин ҳам зиёдтар одамонро ба кур­сӣ менишинонанду мехезонанд. Шакли дигари роҳ додан ба қонун­ши­канӣ ҳангоми баргузор намудани маъракаҳо ин риоя накардани вақти барои маърака муайян­шу­да мебошад. Дар муносибат ба чунин ашхос қонунгузорӣ чораҳои таъсир­ра­со­нӣ ва ҷазоҳои маъмуриро тавас­су­­ти мақомоти судӣ пешби­нӣ наму­да­аст. Дар баъзе ноҳияҳои қаламрави кишвар то имрўз дар робита ба маъракаҳои азодории «сари тахта», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» аз тарафи шахсони масъули соҳа хотирбинӣ ба назар мерасад. Ҳолатҳое вомехўранд, ки шахсони масъул ба ҷои пеши роҳи қонуншиканиро гирифтан худашон дидаву дониста онҳоро рўйпўш менамоянд.

         Ин Қонун дар зарфи даҳ соли амалкарди худ дар ҳаёти мардуми кишвар таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии куллиро ба вуҷуд овардааст. Аз қабули он муддати зиёд нагузашта бошад ҳам, фарҳанги маъракао­роии мардуми диёрамон ба ваҷҳи некў тағйир ёфт, тафаккури шаҳрван­дон дар бобати осон гирифтани ин арзишҳои ҷузъии ҳаёти маънавии худ куллан такмил гардид ва мазмуну мантиқи зиндагӣ ба маҷрои нав ворид шуд. Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ низ бағоят алоқаман­дии калон пайдо кард. Зеро дар натиҷаи ба низом даровардани баргузо­рии тўю маъракаҳо ва камхарҷ шудани маросимҳои гуногуни мардумӣ шаҳр­ван­дон тавонистанд, ки аз ҳисоби маблағҳои сарфашудаи маърака­ҳо пасандозҳояшонро афзун намуда, объектҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва фаъолиятҳои ҳунармандии худро фаъол гардонанд. Ба ғайр аз ин, дар соҳаи кишоварзӣ низ деҳқонону заҳматкашон аз ҳисоби камхарҷ намуда­ни маросимҳои худ тавонистанд, ки заминҳои бекорхобидаро аз нав зиро­ат­корӣ намуда, дар рушди ин бахши муҳими хоҷагии халқи кишвар саҳмгузор бошанд. Исботи ин таҳаввулот дар он зоҳир мегардад, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ заминҳои корам зиёд гашта, деҳқонон дар пояи баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулот имконият пайдо намуданд, ки ҳам миқдори онро зиёд карда фоидаи бештар ба даст оваранд ва ҳам аз ҳисоби пасандозҳояшон сардхонаҳо бунёд намуда, таъмини мунтазами маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монанд ва дастранҷи худро ба бозорҳои дохилию хориҷӣ бо нархи фоиданоку мақбул ба фурўш бароранд.

Дар давраи амали Қонун дар тафаккури мардуми кишвар андешаи нав ворид гардид, ки ба ҷуз ҷанбаи моддӣ, ҷанбаи маънавиро низ дар бар мегирад. Яъне, Қонуни мазкур дар баробари масъулият рисолати дигаре­ро бар дӯши мардум гузошт, ки он сатҳи тарбияи маънавию ахлоқиро боло бурд. Мардум бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тарзи оростани маъракаю маросимҳоро, ки пеш аз қабули Қонун маъмул буданд, коми­лан тағйир доданд. Масалан, аз маъракаҳои хурсандӣ хатнасур (гаҳ­ворабандон, чиллагурезон ва мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила), тӯйҳои домодию арӯсӣ, маъракаҳои арӯсбинон ва домодталбон (ҳар дуи охирин дар доираи оила), аз маросими азодорӣ чил, сол ва се (бе додани таом) танҳо тибқи талаботи Қонун гузаро­нида мешаванд. Маъра­ка­ҳое, ки қабл аз қабули Қонун гузаронида мешуданд, бар замми хароҷо­ти миёншикан ташвишҳои зиёди ташки­лию маъмурӣ ва даъват­куниро бар дӯши соҳибмаърака бор мекарданд. Баробари аз байн рафта­ни маъра­ка­ҳои сершумор, аз қабили фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонаба­рӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудотал­бон, оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ ва ғайра мардум нафаси озод кашиданд. Агар ба маълумоти оморӣ рӯ оварем, пас маълум мегардад, ки Қонуни номбурда дар давраи амали худ самараҳои хуберо ба бор овардааст. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳисоби камхарҷ гузаронида­ни маъ­ра­­каҳо тавонистанд ба манфиати худ маблағҳои зиёди пулиро сарфаҷӯӣ намоянд. Хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули қонун се маротиба кам гардид.

Инчунин танзими ҷашну маросимҳо ба оилаҳои камбизоат имко­ният фароҳам сохт, то маъракаҳои худро бе сарфи маблағи зиёд барпо намоянд. Яъне, ҳамаи ҷавонписарон ва ҷавондухтарон барои бунёди оилаи солим имконият пайдо намуданд. Аз ин ҷиҳат, он ба татбиқи Кодекси оила таъсири мусбати худро расонид. Теъдоди ақди никоҳи давлатӣ ба маротиб зиёд гардид. Яъне, ба шарофати татбиқи Қонуни танзим шаҳр­вандон тавонистанд, ки аз ҳисоби камхарҷ гузаронидани тўю маъракаҳояшон бештар оилаҳои нав бунёд намоянд. Ҳамчунин имконият фароҳам омад, ки шаҳрвандон аз ҳисоби камхарҷ кардани маросимҳояшон сехҳои хурди ресандагию бофандагӣ бунёд намуда, ҳунарҳои қадимии худро ба монандӣ қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, сўзандўзӣ, заргарӣ ва кулолгарӣ аз нав зинда гардонанд, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст оранд ва то андозае ҳунарҳои мардумии кишварро муаррифӣ намоянд. Дар ин замина анъанаи гирифтани қарз ба хотири баргузории тӯю маросимҳо низ қариб аз байн рафта истодааст.

Вобаста ба амалкарди ҳамин Қонун пеши роҳи сарфи зиёди маблағҳо дар баргузории маъракаҳо гирифта шуда, дастгирии молиявӣ ва моддии шахсони камбизоату ниёзманд аз ҷониби шахсони сарват­манд бештар гардид. Сарфаю сариштакорӣ дар баргузории маъракаҳо ба шаҳрвандон имкон дод, ки ба беҳтар кардани шароити зист, манзилҳои истиқоматӣ ва тарбияи фарзандон диққати бештар диҳанд.

Ҳамзамон ёдовар шудан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар ҳам мусоидат кард ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҳазорҳо ҷавонон нақши муассир гузошт. Як меъёри ниҳоят муҳими Қонун ба таври ихтиёрӣ баргузор намудани маърака гардид. Акнун ҳар як фарди ҷомеа имкон пайдо намуд, ки ба муқаррароти Қонун такя намуда, маърака­ашро бо хоҳиши худ бе истиҳола ва хиҷолатмандӣ гузаронад.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни танзим, аз як ҷиҳат, ҳамчун санади ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маърака­ҳо пешбинӣ менамояд, аз ҷиҳати дигар, чун мушкилкушо ё василае барои аз байн бурдани хурофот ва исрофкорӣ хизмат мекунад. Дар доираи амали меъёрҳои қонуни мазкур аз 70 номгӯи анъана ва ҷашну маросимҳо 55 номгӯй ихтисор гардида, имрӯз танҳо 15 номгӯи онҳо боқӣ мондааст, ки дар ниҳояти камхарҷию бонизомӣ барпо мешаванд. Қонун як зумра ҷаш­ну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги мил­лию динии мо бегона буданду дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Дар маҷмӯъ аҳамияти ин қонун хеле бештар аз он аст, ки гуфта шуд. Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки сабаби рушди бомароми ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти кор, чунон роҳандозӣ шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди ватан­дӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон ба ваҷҳи писандида муаррифӣ намояд.

Бо гузашти як марҳалаи муайян баъд аз қабули Қонуни мазкур чандин кирдорҳои тоза ва намунавӣ дар рафтори шаҳрвандони ҷумҳурӣ падид омад. Пўшида нест, ки аз даврони қадим дар сарзамини аҷдодии мо мардуми тавонмард аз ҳар як восита ва муносибати фароҳамомада – ҷашни Наврўз, моҳи Рамазон, идҳои Фитру Қурбон, Мавлуди пайғамбар (с), соли нави ҳиҷрии қамарию шамсӣ, моҳи Раҷаб, муносибатҳои шахсию хонаводагӣ – таваллуди фарзанд, хатнаи писарон, издивоҷи фарзандон, мактабу мадрасаро хатм кардани фарзандон, адои фаризаи ҳаҷ, фавти наздикон, маросими азодорӣ, ёдбуди азизони марҳум ва ғайраҳо истифода бурда, корҳои хайриявии муайянеро анҷом медоданд. Ба шарофати қабули Қонуни танзим ин суннатҳои аҷдодӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвари соҳибистиқлоли мо тобиши бисёр муносиб ва ман­фи­атовар касб намуданд. Ҷавонмардони сарватманди ҷумҳурӣ дар навбати худ дасто­вард­ҳояшонро бо истиқлолияти давлатӣ тавъам медо­нанд, аз ин рў, холисонаву огоҳона амалҳои писандидаи инсондўстона ба иҷро мерасонанд. Ин раванд бо истифода аз имконият­ҳои ҳозиразамон шаклу сурати маъқул­тар ва вусъати бештар пайдо карда истодааст, ки бояд ҳаматарафа ҷонибдорӣ гардад ва барои кору фаъо­лия­ти онҳо шаро­ит­ҳои хубтар муҳайё карда шавад.

Ҳамчунин бояд мардонавор иқрор намоем, ки дар қаламрави ҷум­ҳу­рии мо то расидан ба истиқлолияти давлатӣ раванди анҷом додани ҷаш­ну маросимҳои миллию динӣ ва ҳадафу маромҳои онҳо низ сахт таҳ­риф ёфта буданд ва ин кори хайр ба амале зиёновар мубаддал гашт. Қисмати умдаи расму ойинҳои мардуми тоҷик ба дини ислом ва мусул­мон будани онҳо алоқаманд аст, ё бисёре аз маросимҳо маншаъ дар аҳкоми шариати исломӣ дорад. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки аксари ибодат, аркон, аҳком, усул ва фурўи дини ислом тўли асрҳои зиёд дар матни фар­ҳан­ги миллии тоҷикон ҷойгоҳе устувор пайдо кардааст ва ба мисли гўшту нохун андаруни рагу пайванди анъанаҳои суннатии мо омезиши барҷаста ёфтааст. Масалан, рўзаи моҳи Рамазон ҳарчанд кори инфиродӣ ба назар мена­мояд, вале он як идда манфиатҳои тарбиявӣ ва иҷтимоии худро низ дар шароити муосир ошкор кард. Дар моҳи Рамазон мардум намозҳо, махсусан намози таровеҳро якҷоя мехонанд, аз аҳволи якдигар бохабар мешаванд, тавонмандон ифтор дода, гурусна­гонро мехўронанд, ҳама аз тифли навзод то пири барҷо­мон­да, зану мард садақаи фитр медиҳанд, ҳар кас саъй мекунад ақаллан як бор рўзадореро таом диҳад ва дасти афтодаеро бигирад. Ҷанбаи мусбати масъала иборат аз он аст, ки шаҳрвандон воқеияти иҷтимоию иқтисодии садақа ва закотро дар таҷри­баи амалӣ дарк намуданд. Дар шароити мавҷуд будани  сатҳи муайяни камбизоатӣ табақаи дорои ҷамъият акнун дониста гирифтанд, ки расо­ни­дани ёрии молиявӣ ҳам аз нигоҳи шаръӣ ва ҳам аз мавқеи меъёрҳои башардўстона бояд ба наздикону пайвандон расонида шавад. Амалан чунин рафтор барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ниёзмандон ва гурўҳи камбизоати ҷомеа мусоидат карда тавонист ва дар бештари ҳолатҳо вазъи иҷтимоии онҳоро ба ҷониби мусбат тағйир дод. Дар беш­тари ҳолатҳо маблағи ба хешони ниёзманд додаи сарватмандон вазифаи қарзи ҳасанаи бебозгаштро иҷро намуд ва онҳоро аз вартаи ноумедӣ раҳо бахшид. Илова бар ин, ҳоло дар рўзи Иди Қурбон бисёре аз мусулмо­нони тавонманд бар ивази анҷом додани маъракаҳои калони худнамоӣ тақсим кардани гўшти қурбонӣ, додани маводи хўрока ва расонидани ёрии молиявиро ба хешону ниёзмандон беҳтару авлотар мешу­моранд. Дар воқеъ, дарки дуруст ва фаҳмондадиҳии мақсаднок ҷанба­ҳои маъри­фа­тию иҷтимоӣ ва инсондўс­тии закоту садақа то андозае мушкилот ва эҳтиёҷоти мардумро бартараф сохт ва онро ба як механиз­ми тавонои танзимкунандаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар табдил дод. Ҳоло доир кардани маъракаҳои серхароҷот аз ҷониби шахсони сарват­ман­ду мансабдор ба маротиб коҳиш ёфтааст. Бисёрҳо дидаем ва шунида­ем, ки дар давраи буҳрони кунунӣ тоҷирони рўшанфикру ҳалолкор ҳам зиёд шудаанд ва онҳо барои касби савоб ва дарёфти ризомандии Худо­ванд нисбат ба бенавоёну бечорагон ва ҳолати ободонию хуррамии кишвар рафтору муносибати ватандўстона зоҳир менамоянд. Чунин рафтори накўкорона ва ҳадафҳои волои онҳо дар ҷаҳонбинии мафкура­вии шаҳрвандон ниҳоят таъсиргузор шудааст ва тарзи гузарони­дани маросими ҷашну тўйҳо ва азодории қишрҳои дигари ҷомеа низ тадриҷан ислоҳу тасҳеҳ гардида, ба талаботи Қонун беш аз пеш мутобиқат пайдо карда истодааст.

Рақамҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки баргузории ҷашни арўсии калонхарҷ бо пешниҳоди нуқлу шароб камтар шуда, тарафҳо маъракаро бо додани оши наҳор ва бе ширкати овозхонони фармоишӣ ҷамъбаст мекунанд. Бояд гуфт, ки хатнасури кўдак дар зоти худ ба ҳеҷ гуна тўю маъракаи алоҳида зарурат надошт. Хушбахтона, ҳоло маъра­каи хатна­сур тамоюли маҳдуд шудан дар муҳити чорабинии оилавӣ пайдо кардааст. Бояд ҳамин тавр ҳам бошад ва зарур аст, ки ин раванди мусбат ҳамаҷониба тарғиб карда шавад ва маблағи аз ин ҳисоб сарфашуда барои рушди сармояи инсонии кўдак равона гардад. Ба ин хотир тақозо мешавад, ки дар байни сокинони кишвар дар масъалаи ҷанбаҳои идео­логӣ ва хурофотии танзими расму ойинҳо корҳои фаҳмон­дадиҳӣ тақвият ёбад, ҷиҳати ошкор кардани камбудиҳо мақолаву китобҳои илмӣ ба чоп расонида шавад, филму наворҳои ҳуҷҷатию бадеӣ таҳия гардад. Маҷмўи чорабиниҳо бояд хусусияти мавсимӣ ва якдафъагӣ надошта бошанд ва роҳи ҳалли масъала ва раҳоӣ ёфтан аз гирифтории ҷашну маросимҳоро мунтазам ҷустуҷў ва пешниҳод намоянд.

Воқеият ва марҳалаи сипаришуда собит намуд, ки дар роҳи ҳалли масъалаи танзими ҷашну маросимҳо омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ ва равонии шахшудае вуҷуд доранд, ки бартараф намудани онҳо осон нест ва ба коргузории пайваста ниёз дорад. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки амали қонун як қатор камбудиҳо ва ҷанбаҳои норав­шани ҷашну маросимҳоро ошкор кард, ки онҳоро дар шакли пешниҳод­ҳо чунин баён намудан мумкин аст:

  1. Ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо муайян гардид, ки дар бай­ни соҳибони чорабинӣ ва ниҳодҳои танзимкунанда ҳамеша нофаҳ­миҳо дар иҷрои муқаррароти Қонун пайдо мешавад ва боиси пешбинӣ гарди­дани ҷазоҳои гуногуни маъмурӣ мегардад. Ин ҳолат норозигии мардум­ро нисбат ба мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатӣ ба вуҷуд меоварад. Ба хотири коҳиш додани ҳамин нишондиҳанда таъсис додани муассиса ва ширкатҳои хусусии алоҳида ҷиҳати хизматрасонӣ ба мардум дар кори барпо намудани ҷашну маросимҳо ба назар мувофиқ менамояд. Ин сох­тор бояд тамоми паҳлўҳои баргузор намудани ҷашну маросим, маъ­ра­каҳо ва мувофиқа намудани онҳоро бо ниҳодҳои дахлдор ба уҳда ги­рад. Ин иқдом ҳам барои кам шудани қонуншиканиҳо мусоидат карда ме­таво­над ва ҳам озурдахотир шудани соҳибони маъра­ка­ҳоро пешгирӣ менамояд.
  2. Мутаассифона, оростани маъракаҳои хурсандӣ ва азодории мо аз ҳамдигар он қадар тафовут надорад. Вале тибқи муқаррароти суннатҳои фарҳангӣ ва мазҳабии мо дар ин муомила рафтори якнавохт зоҳир кар­дан нашояд. Дастархони маъракаи азодорӣ бояд бисёр сода, самимӣ ва бедабдаба бошад. Масалан, дар таомули мардумии мо дар маъракаи азодорӣ мағз карда хўрдани маҳсулоти донагӣ, ба мисли бодом, чормағз ва писта ноҷоиз ҳисобида мешавад. Аз ин ҷиҳат содаву осон кардани ороиши маъракаи азодорӣ ва ифтори моҳи Рамазон ба хотири риояи таъйиноти сиҳҳатӣ ва иҷтимоии он мувофиқи мақсад хоҳад буд.
  3. Ҳам акнун дар оғози асри XXI замоне фаро расидааст, ки ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо дар масъалаи ҷунунвор пур кардани дастурхон бо анвои хўрдании зиёд, ки дар он барои афтодани сўзан ҷое набошад, бозандешӣ кунем. Бояд идрок кардан, ки пешниҳоди маводи хўроквории фаровон болои дастурхон ҷуз бефарҳангӣ ва аз тариқи исрофкорӣ ба буҷаи худ зиён овардан чизи дигаре нест ва метавонад боиси тамасхур ва писханду накўҳиши мардуми мо аз ҷониби намоян­даго­ни қавму миллатҳои дигар гардад. Бар замми ин, харидории лояъқил ва малахвор лесида бурдани хўрданию нўшиданию пўшиданиҳо аз раставу бозорҳо пеш аз фарорасии Идайн – идҳои Фитру Қурбон бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надорад. Кас рафтори мардуми моро дар арафаи идҳои динӣ мушоҳида карда, ба андешае фурў меравад, ки Худо нахоста, магар баъд аз ид рўзи қиёмат фаро мерасида бошад.
  4. Вақти баргузории маъракаҳо низ вобаста ба фаслҳои сол ба баъзе тасҳеҳот ниёз дорад. Масалан, дар фасли тобистон равшании рўз дароз­тар аст. Дар муҳити деҳот мардум саҳарии барвақт аз пайи корҳои саҳроӣ ва деҳқонӣ мешаванд. Ва то соати ҳашти пагоҳӣ онҳо як миқдор корҳоро анҷом медиҳанд ва баргашта боз ба маърака омадани онҳо боиси зоеъ шудани вақт мегардад. Хуб мебуд, агар вобаста ба мавсимҳои сол ва дарозии рўзу шаб масъалаи танзими вақти баргузории маърака дар тобистон барвақт­тар ва дар зимистон дертар тибқи муқаррароти қонун иҷозат дода мешуд.
  5. Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврўз моро водор менамояд, ки мо реҷа ва меъёрҳои ҳуқуқии баргузор намудани ин ёдгори мондагори ниёгонро дар сатҳу муставои гуногуни маъмурӣ ҳамаҷониба тарғиб намоем. Илова бар ин, мо бояд платформаи фарҳангсолории Наврўзро ҳамчун ҷашни меҳрпарастӣ дар низоми ҳаракати доираи хуршедӣ возеҳу равшан муайян созем. Дар фалсафаи фарҳангии ин ҷашни ниёгон чаҳор унсури асосии хотирмон – Наврўз (баробарии баҳории рўзу шаб), Тиргон (рўзи дарозтарини сол), Меҳргон (баробарии тирамо­ҳии рўзу шаб) ва Сада (шаби дарозтарини сол) аҳамияти вежа доштааст. Дар шароити Истиқлолияти давлатӣ эҳё ва ҷойгузин кардани ин падидаҳо дар матни фарҳанги миллӣ ба омўзиш ва асосноккунии илмӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамчунин ҷашну маросимҳои дунявии дар шароити истиқлолияти давлатӣ пайдошуда бояд баёни меъёрию ҳуқуқии худашон­ро дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ пайдо кунанд.
  6. Афзун бар ин, зарур аст, ки мазмуни хурофот ва рафтори ифротга­роии фарҳангӣ дар баргузории ҷашну маросим ва маъракаҳои муқарра­рӣ бо ҳар гуна роҳу восита фаҳмонида шавад, то ки оқибатҳои номат­луби иқтисодии он аз матни зиндагии мардум берун ояд. Дар ин самт истифодаи консепсияи “ихтирои анъанаҳо”-и Эрик Ҳобсбаум ба мақсад мувофиқ мебошад.
Июль 10, 2017 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол зиёда аз 196 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Интихоби маҳсулоти бенуқсон яке аз шартҳои асосии риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми тайёр кардани консерва мебошад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Ҳадафи ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби тарроҳон ба муосиргардонии он мебошад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Созмони ҳамкории Шанхай зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН СОҲАИ ОЯНДАДОР АСТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода
«ДУШАНБЕ-КУЛМА». Бо кумаки молиявии Чин яке аз мушкилтарин қитъаҳои ин шоҳроҳ — «Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон» таҷдид мегардад
Чин дар ҷануби Тоҷикистон неругоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ месозад
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Меҳан сарзамини аҷдодӣ, мазраи нангу ор аст