Бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Фаластин бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дар гурӯҳи «Е» бозии нахустинашро бо дастаи мунтахаби ҷавонони Фаластин бо ҳисоби мусовӣ 2:2 анҷом дод. Ин бозӣ дар шаҳри Хеврони Фаластин баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, ҳисобро дар дақиқаи 18 соҳибони майдон кушоданд. Баъд аз 15 дақиқа ба футболбозони мо даст дод, ки голи ҷавобӣ зананд. Эҳсони Панҷшанбе аз ҷониби чапи майдон тӯбро ба ҷаримагоҳ партофт ва ҳимоятгар Фирдавс Чақалов бо сар онро вориди дарвозаи ҳариф кард. Дар дақиқаи 51 бозӣ фаластиниҳо тӯби кунҷӣ заданд, ки он ба воситаи Зоир Ҷӯрабоев вориди дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони мо гардид. Дар дақиқаи 75 футболбозони ҷавони кишвари мо комбинатсияи хуб иҷро карданд ва ҳамлагар Амирҷон Сафаров бо дарвозабони Фаластин як ба як баромад, аммо дар ҷаримагоҳ аз по афтод. Довари майдон аз Уммон зарбаи ҷаримавии 11-метра таъйин кард ва баъд аз зарбаи капитани дастаи мунтахаби мо Нозим Бобоҷонов дарвозабон тӯбро аз вориди дарвозааш гирифт. Дар дақиқаҳои баъдӣ футболбозони мо чандин ҳолати хатарнокро дар нимаи майдони ҳариф эҷод карданд, аммо бенатиҷа. Бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба поён расид.
Дар бозии дигари гурӯҳи «Е» бошад, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Урдун бар дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Бангладеш бо ҳисоби калони 7:0 ғолиб омад.
Ёдовар мешавем,ки бозиҳои даври дуюм 21 июл баргузор мешаванд. Ҳарифи навбатии Тоҷикистон дастаи Бангладеш аст. Бозӣ соати 18:30 бо вақти Душанбе шурӯъ мегардад. Дар рақобати дигар Фаластин ва Урдун вомехӯранд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






