Дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ-до 23 нафар варзишгарони Тоҷикистон ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистонро дар 14-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни калонсолон ва 16-умин чемпионати Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасон ва ҷавонон 23 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин мусобиқа аз 13 то 16 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир мегардад ва варзишгарони мо барои 70 маҷмӯи медалҳо рақобат мекунанд.
Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқот наздики 1000 варзишгар аз давлатҳои қора ширкат мекунанд.
Тибқи иттилои Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон, кишвари моро дар ин мусобиқот Сӯҳробҷон Каримов (вазни -52 кило), Аслиддин Акбаров (57 кило), Алишер Қаюмов (70 кило) миёни наврасон; Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (55 кило), Муҳаммадёри Ҳикматулло (61 кило), Абдуваҳоб Шарапов (68 кило), Умед Сафаров (76 кило), Нигина Давлатова (55 кило) миёни ҷавонон намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар гурӯҳи калонсолон Сайёд Ғафуров (60 кило), Қамар Қамаров (67 кило), Мухторшейх Файзуллоев (84 кило), Муҳайёи Музаффар (50 кило) миёни ҷавонони то 21-сола ва Муҳсин Раҳматов (55 кило), Далер Баротов (60 кило), Раҷаббек Раҳимов (67 кило), Фаррухҷон Раҳимов (75 кило), Бадриддин Умедов (84 кило), Гулосори Сӯҳроб (55 кило), Лола Лиситса (61 кило), Фарангис Баҳромзода (68 кило), Алан Болиев (кумитэи даставӣ), Баҳодурхон Бобохонов (кумитэи даставӣ), Фирӯза Махсудова (+68, ката) зери роҳбарии мураббӣ Муҳаммад Бодаков ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки каратэ-до варзиши қадимии ҷопониҳо буда, моҳи августи соли 2016 дар Конгресси Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ворид карда шуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






